Парвозҳо аз Панҷакент ба Душанбе ва Хуҷанд фаъол мешаванд
Панҷакент. 12.06.2014. (АМИТ «Ховар» Гулбаҳори Худойбердӣ). Бо сарпарастии ҶДММ КМ «Зарафшон» фурудгоҳи шаҳри Панҷакент таъмир мешавад. То имрӯз масофаи 1950 метр хати парвоз таъмир шуда, аз давлатҳои Япония, Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Русия таҷҳизоти ҳавонавардӣ ба ин фурудгоҳ ворид шудааст. Ҳоло таҷдиди бинои фурудгоҳ низ идома дорад. Ба гуфтаи сардори фурудгоҳ Мӯминҷон Музаффаров бинои фурудгоҳ аз соли 1984 инҷониб таъмир нагардида, ҳуҷраҳои корӣ ва толорҳои хизматрасонӣ ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуданд. Бо мусоидат ва кумаки ҶДММ КМ «Зарафшон» ҳуҷраҳову толорҳо хуб таъмир шуда, бо таҷҳизоти муосир таъмин мегарданд. Бояд гуфт, ки раиси шаҳри Панҷакент Хисрави Абдуназар ҷараёни бозсозии фурудгоҳро таҳти назорати доимии худ гирифта, ҷиҳати бо сифати баланд анҷом додани корҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас медиҳад. Дар паҳлӯи фурудгоҳ бинои ошхона низ бунёд хоҳад шуд. Ҳоло корҳои сохтмонӣ бо суръат идома дошта, тибқи супориши раиси шаҳр дар саҳни бино фавора бунёд ва хиёбони назди фурудгоҳ гулзор карда хоҳад шуд. Дар назар аст, ки пас аз итмом расидани корҳои сохтмонӣ парвози тайёраҳо бо хатсайрҳои Душанбе — Панҷакент ва Хуҷанд — Панҷакент ба роҳ монда шавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






