Раванди неку созанда -бо такя ба аклу заковати мардум
Душанбе, 26.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- «Бо кӯшишу талошҳои пайгиронаи Ҳукумати мамлакат ва албатта, бо пуштибонии халқи азизи Тоҷикистон ҳуҷҷати таърихӣ — Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии миллиро ҳамчун омили асосии наҷоти миллат ва давлат эълон намуд», хотирнишон кард Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикотиаш бахшида ба Ваҳдати миллӣ.Баъди ба имзо расидани ин санади муҳими таърихӣ дар Тоҷикистон марҳалаи нав — марҳалаи сулҳу субот, ба Ватан баргаштани гурезаҳо ва фирориёни иҷборӣ, инчунин давраи корҳои барқарорсозии харобаҳои ҷанг оғоз шуд.«Ба шарофати сулҳу субот ва иродаи матини мардуми шарифи Тоҷикистон мо тавонистем дар таъмини рушди муназзами иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишвар қадамҳои устувор гузорем», баён дошт Президенти мамлакат.Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид сохт, ки дар ин раванди неку созанда мо, пеш аз ҳама, ба ақлу заковати азалии мардумамон такя кардем.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






