Суғд: Иди зардолу бо иштироки созмонҳои хориҷӣ
Душанбе, 26.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз дар маҷмааи Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Иди зардолу бо шукӯҳи хосса таҷлил шуд. Дар чорабинӣ раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва меҳмонон аз давлатҳои хориҷи дуру наздик, аз ҷумла Федератсияи Русия, Қазоқистону Қирғизистон, Латвия, Украина, Беларус, Эрон ва намояндагии созмонҳои байналмиллалӣ иштирок намуданд.
Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҳадафи баргузории Иди зардолуро эҳёи анъанаҳои аҷдодӣ, таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо давлатҳои хориҷӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии вилоят ва рушди боғу токпарварӣ маънидод намуд.
Таъкид гардид, ки имрӯз дар ҷаҳон 300 ҳазор гектар боғоти зардолу мавҷуд буда, ҳамасола дар ҳаҷми 1,5 миллион тонна ин навъи мева истеҳсол мегардад. Вилояти Суғд дорои 41 ҳазор гектар зардолузор мебошад. Ба хотири рушди боғпарварӣ азхудкунии заминҳои бекормонда дар мисоли дашти Сомғор идома дорад, ки метавонад ба ҷалби сармояи хориҷӣ мусоидат намояд, зеро минтақаи Суғд рушди иқтисодиёти хешро ба сармоягузории хориҷӣ ва рушди бахши хусусӣ марбут медонад. Вилояти Суғд соли гузашта содиротро ба 14 давлати ҷаҳон ба роҳ монда, ҳаҷми содироти мевоҷот ба 80 ҳазор тонна расидааст.
Дар чорабинӣ ҳамчунин намояндагони давлатҳои хориҷӣ аз моҳияти чунин иқдом ҳарф заданд ва таъкид намуданд, ки он ба рушди ҳамкориҳои тарафайн мусоидат хоҳад кард. Роҳбарияти вилоят ва меҳмонон аз намоишгоҳи кишоварзони вилоят, ки навъҳои гуногуни зардолу ва маҳсулоти аз он тайёршударо ба маърази тамошо гузоштанд, дидан карданд. Меҳмонони чорабинӣ аз шукӯҳи ин ҷашни миллии тоҷикон таассуроти мондагор бардоштанд.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






