Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо вакили Парлумони Аврупо
Душанбе, 05.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов вакили Парлумони Аврупо Струан Стивенсонро дирӯз ба ҳузур пазируфт.Зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи энергетика, идораи захираҳои об ва муҳити зист баррасӣ шуданд.Дар робита ба авзои Афғонистон ва натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ дар Иттиҳоди Аврупо низ мубодилаи афкор сурат гирифт.Вазири корҳои хориҷӣ Стивенсонро барои иштирок дар Конфронси минтақавӣ оид ба мубодилаи таҷрибаи пешқадам дар соҳаи ҳамкории энергетикӣ, ки аз ҷониби Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ташкил мешавад, даъват намуд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






