Ҷавонони тоҷик-ҳомиёни соҳибистиқлолӣ

Сентябрь 5, 2014 11:28

Душанбе, 05.09.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Тамоми   хушбахтиҳое, ки имрўз барои ҷавонони саодатманди замони истиқлолият насиб гаштааст, аз баракати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва  сулҳу ваҳдат аст.
Бояд донист, ки яке аз муҳимтарин рукни таҳкими истиқлолияти давлатӣ дар  сиёсати давлатдорӣ -ин ваҳдати миллист.
Ваҳдати миллӣ сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳо, аз ҷумла оғози созандагию ободкорӣ, расидан ба ҳамаи орзуву омолҳои нек ва шиори миллати куҳанбунёд ва соҳибтамаддуни мост.
Барои ба истиқлолият расидан бобову аҷдодони мо тӯли ҳазор сол мубориза бурда, баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ миллати тоҷик ба истиқлолияти давлатӣ ноил гардид.
Вале шуои истиқлолият чашмони миллати моро бурд. Ва миллати мо ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки аз  натиҷааш 126 муассисаи таълимӣ пурра хароб гардид ва наздики 120 ҳазор нафар хонанда аз беҳтарин неъмат-  омўхтани илму дониш  маҳрум гардид.
Дар он лаҳзаҳои хеле ҳассоси таърихие, ки  эҳтимолияти аз байн рафтани давлату миллат вуҷуд дошт, барои Тоҷикистон нафаре лозим буд, ки пеши роҳи ин ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандиро бигирад ва Ватану миллатро аз хатари нобудшавӣ раҳоӣ бахшад ва ниҳоят Ваҳдати миллиро ба миён орад.
Бешак, дар он лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ аз байни теъдоди зиёди сиёсатмадорон Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчун роҳбар болои саҳнаи сиёсӣ омад, то мардумро аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ раҳоӣ бахшад. Ва мардумро ба роҳи созандагию ободкорӣ  ҳидоят намуд.
Маҳз ба туфайли истиқлолияти давлатӣ ва ризояти миллӣ имконияти ҷалб намудани сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба миён омад. Сохтмонҳои азими ҷумҳурӣ, мисли Сангтўда-1, Сангтўда-2, шоҳроҳи Душабе-Хуҷанд-Чанак, нақбҳои Шаҳристону Шар-Шар ва дигар иншоотҳои азим аз ҳисоби маблағгузории хориҷӣ бунёд ёфтанд.
Дар арсаи байналхалқӣ бо қарори ЮНЕСКО таҷлил гардидани 1100-солагии давлати Сомониён, 2500-солагии Истаравшани бостонӣ, 100-солагии мутафаккир ва олими барҷастаи тоҷик Носири Хисрав, Соли 2003-соли оби тоза дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ва ҷашнгирии 2700-солагии шаҳри Кўлоб, ҳамчунин аз ҷониби СММ дастгирӣ ёфтани пешниҳоди Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2005-2015 ҳамчун даҳсолаи байналхалқии  амалиёти «Об барои ҳаёт» ва инчунин ҷашн гирифтани 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, 1150-солагии Абуабдуллои Рӯдакӣ ва ниҳоят таҷлил намудани 1310-солагии пешвои мазҳабамон Имоми Аъзам ва 5 октябри ҳамон сол ҷамъ намудани 500 нафар аз муҳаққиқони олами Ислом -ин ҳама гувоҳи онанд, ки халқи Тоҷикистон, давлати тоҷикон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, ҷаҳон нисбат ба сиёсати пешгирифтаи Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон таваҷуҳи хос дорад.
Маҳз истиқлолияти давлатӣ шароит фароҳам овард, ки Роҳбари олии кишвар Эмомалӣ Раҳмон  ба наврасону ҷавонон  таваҷҷуҳ намояд. Ҳамин заминаи мусоид буд, ки панҷ маротиба вохӯрии Президенти кишвар бо ҷавонон ба вуқуъ пайваст.
Баъд аз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23 майи соли 2005 бо ҷавонон баргузор шуд, теъдоди гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 100 нафар ба 300 нафар ва теъдоди ҷавононе, ки аз тариқи квотаи президентӣ ба муассисаҳии олии кишвар дохил мешуданд, аз 300 нафар ба 1000 нафар расонида шуд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2700 мактаби замонавии бо компютер ва интернет пайвастро барои наврасону ҷавонон ҳадя намуд. Ҳамзамон дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, ноҳияи Ҳисору Данғара ва дар ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара Маркази ҷавонон бо меъёрҳои ба замона мутобиқ ба истифода дода шуд, ки дар онҳо наврасону ҷавонон бо курсхои забономӯзӣ ва маҳфилҳои фарҳангӣ фаро гирифта шуданд.
Баъд аз вохӯрии Президенти кишвар бо варзишгарон зиёда аз 2500 иншооти варзишӣ  ба истифода дода шуд, ки мувофиқи таҳлилҳои оморӣ дар онҳо зиёда аз 1 миллион наврасону ҷавонон тамрин намуда, саломатӣ ва ҷасорати хешро рушд мебахшанд. Дар ду Олимпиадаи баргузоргардида, соли 2009 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии мардумии Чин аз туфайли ҳунари варзишии Расул Боқиев ва соли 2012 дар шаҳри Лондони Англия аз туфайли ҳунари варзишии ҷавондухтари тоҷик Мавзуна Чориева Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои ҷаҳон боло бардошта шуд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти ташкилоти туристии ҷаҳон  шомил гардид. Ҳар сол дар  дар намоишгоҳи ITB-Берлин дар масоҳати 40 метри мураббаъ захираҳои туристии мамлакат ба намоиш гузошта мешаванд, ки ин теъдоди дохил шудани сайёҳони хориҷиро ба Тоҷикистон сол ба сол афзоиш медиҳад.
Дастовардҳои мазкур ҳама маҳсул ва натиҷаҳои хайри Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мебошанд. Имрўз зарур аст, ки баҳри тақвияти истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдат аз донишу андеша ва афкори солиму созанда истифода бурда, барои оромии сиёсии Тоҷикистон камари ҳиммат бандем.
Борҳо Сарвари кишвар гуфтааст, ки: «Мо бояд шукр гўем, ки ба чунин рўзгори орому осуда расидем, сулҳу субот ва Истиқлолияти давлатиро ҳамчун дастоварди азимтарини халқамон ба монанди гавҳараки чашм эҳтиёт намоем».
Ин ҳидояти роҳбари мамлакат пеш аз ҳама ба ҷавонон дахл дорад, зеро ҳафтод фисади кишвари моро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ҳамин ҷиҳат ҳар як ҷавони тоҷикистонӣ муваззаф аст, ки барои таҳким ва густариши Ваҳдати миллӣ ва барои ҳифз намудани дастовардҳои истиқлолият тамоми нерую заковати худро равона созад ва ба ин васила барои пеш бурдани сиёсати Эмомалӣ Раҳмон, ки асосаш сулҳу ваҳдат ва созандагию ободкорӣ мебошад, нақши худро гузорад.
 
Шарҳи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастовардҳои Истиқлолият.
 
 
 

Сентябрь 5, 2014 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар даври дуюми озмуни ҷумҳуриявӣ 2755 довталаб иштирок мекунад
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ташкилоти ҳизбии «Ободкор» ва «Шири Ватан» таъсис дода шуданд
Дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи комиссияи доимии Ассамблеяи парламентӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ баргузор гардид
Агар барқ хомӯш шуд – мо вориди интернет мешавем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
«ЧИЛ РӮЗИ ҲАЁТИ КӮДАКОН». Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳамоишҳо доир мегарданд
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони ин маҳфил-озмун доир гардид
Дар Кӯлоб оид ба ташаккули иқтисоди «сабз» чун омили рушди устувори иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Темурмалик 101 тарбиятгиранда ба таълим фаро гирифта шудааст
Дар шаҳри Кӯлоб мустаҳкам намудани соҳили дарёҳо ва селпартоҳо идома дорад
БОРЖОМИ. Ин шаҳри курортӣ ва дорои чашмаи шифобахш дар Гурҷистон аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад