БОРЖОМИ. Ин шаҳри курортӣ ва дорои чашмаи шифобахш дар Гурҷистон аст
ДУШАНБЕ, 26.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ин навбат рӯзноманигорони тоҷик ва фаъолону корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо Боржоми — шаҳри истироҳатӣ дар Самтсхе-Джавахети ва қисмати марказии Гурҷистон шинос шуданд.
Шаҳр бо оби маъдании боржомии худ маъруф буда, дар Гурҷистон аз рӯи содирот мақоми аввалро ишғол кардааст.
Ин оби шифобахш на танҳо дар Гурҷистон, балки дар дигар давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил низ маъмулу машҳур ва мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтааст.
Фирӯза. Хонаи Мирзо Ризо-хон- ёдгории таърихии асри XIX
Ҳангоми қадам задан ва наздик шудан ба чамшаи оби Боржоми диққати ҳамагонро хонаи қадимӣ ва дар айни ҳол устувору зебо бо кандакории ҷолиб ҷалб менамояд. Хонаи Мирзо Ризо-хон ёдгории меъмории асри 19 ба шумор меравад.
Ин ёдгорӣ дар наздикии боғи марказии Боржоми ҷойгир буда, номи дуюми он Фирӯза (Бирюза) аст, зеро намои берунааш бо ҷузъиёти дорои ранги фирӯзагӣ оро ёфтааст. Ҳамзамон маълум гардид, ки ҳамсари Мирзо Ризо-хон Фирӯза ном дошта ва ӯ ин хонаро ба ӯ ҳадя намудааст. Ин аст, ки номи бино имрӯз Фирӯза унвон гирифта, пас аз марги соҳибхона ҳоло як қисмати бино чун меҳмонхона, қисмати дигар ҳамчун осорхона ва осоишгоҳ хизмат мекунад.
Хона соли 1892 аз ҷониби сафири генералии Эрон дар Тифлис Мирзо Ризо-хон сохта шуда, номи хона ва соли бунёди он дар нақшу нигоре, ки биноро зеб медиҳанд, кандакорӣ шудааст.
Боғи марказии Боржоми. Маконе, ки чашмаи шифобахш ҷорист
Боғ макони зебо, манзараҳои дилфиреб ва ҳавои тозаву муаттаре дорад, ки бо диданаш ҳар сайёҳ мафтун хоҳад шуд. Даромадан ба дохили боғ барои шаҳрвандони кишвар 2 лари ва барои хориҷиён 5 лари аст, ки ин 1,80 долларро ташкил медиҳад. Дар як тарафи боғ дарёча равон буда, ҳама ҷо сабзу зебо аст ва дарахтони азимҷуссаи сабз ба чашм мерасад.
Дар дохили боғ чашмаи Боржоми ҷорӣ аст, ки ҳар сайёҳи омада аз он менӯшад ва қабл аз даромадан ба боғ қад-қади роҳ мардуми маҳаллӣ барои бо худ бурдани оби ин чашма ба сайёҳон обгирак мефурӯшанд.


Таъми оби чашма монанд ба оби маъдании Шоҳамбарии мо аст ва таркиби элементии он низ ҳамон аст. Яъне, он фоидае, ки бо нӯшидани шоҳамбарӣ беморони узвҳои ҳозима ба даст меоранд, нӯшидани Боржоми низ ба ин беморон манфиати хуб дорад. Тавре сокинони маҳаллӣ таъкид намуданд, нӯшидани ин об набояд барзиёд бошад, чун таркиби элементнокияш таъсири зиёд дошта, касро метавонад беҳол намояд.
Саг — дӯсти вафодори ҳар гурҷӣ
Он чӣ ки нигоҳи ҳар сайёҳро ба худ ҷалб мекунад, ин шумораи зиёди сагҳо дар гӯшаву канори ин шаҳр ва дигар минтақаҳои атрофаш аст. Гуҷиҳо нисбат ба саг муносибати хосса доранд. Дар ҳар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр шумораи зиёди ин ҳайвони хонагиро метавонӣ бубинӣ. Сагҳои инҷо беозор ҳастанд.
Тавре аз забони сокинони маҳаллӣ фаҳмидем, дар ин ҷо ҳамаи сагҳо дар рӯйхат буда, онҳоро бар зидди бемории ҳорӣ сӯзандорӣ гузаронидаанд. Дар гӯши сагҳо метавон як асбобе (чип)-ро дид, ки ба қавли сокинон, он дорои тамоми маълумот нисбат ба ин ҳайвон буда, дар сурати гум шудан метавон ба зудӣ фаҳмид, ки соҳиби саг кисту суроғаи хонааш дар куҷост.
Дар қонунгузории гурҷиҳо барои нафароне, ки сагро озор медиҳанд ва ё аз хонаи худ берун мекунанд, ҷавобгарии маъмурӣ ҷорӣ карда шудааст. Онҳо чунин мешуморанд, ки сагҳо ҳайвонҳои вафодоранд ва будани онҳо дар ҳар хона хуб аст.
Шаҳлои САДРИДДИН,
Файзалӣ ҚУРБОНЗОДА,
АМИТ «Ховар»
Тифлис-Душанбе
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Оила-рамзи муҳаббат, вафо ва ҳамдигарфаҳмӣ» ҳамоиш доир гардид
Ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон нақшаи истеҳсоли пилларо пурра иҷро намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА. Барномаи давлатии рушди оила дар Тоҷикистон ба таҳкими пояҳои оиладорӣ нигаронида шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Нуробод бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши маърифатӣ доир гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САРСАБЗ, ГУЛПӮШ ВА НАЗАРРАБО». Андешаҳои иштирокчии Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар ин маврид
Дар Душанбе намоиши маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии муассисаҳои ислоҳӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ: Тоҷикистон дар сатҳи 95 фоиз худро бо орд таъмин менамояд
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Ёвон 21 тонна пилла супориданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Сокинони минтақаи Рашт ба зарардидагони офати табиии шаҳри Кулоб кумак расониданд






