«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар даври дуюми озмуни ҷумҳуриявӣ 2755 довталаб иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 27.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат 2755 иштирокчӣ роҳхат гирифт, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги мамлакат.
Дар даври якуми озмун 5302 довталаб иштирок намуд, ки 751 нафари он аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 1388 нафар аз вилояти Хатлон, 1461 нафар аз вилояти Суғд, 603 нафар аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва 1099 нафар аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошанд.
Таҳлилҳои ҷамъбасти даври якум нишон медиҳанд, ки иштироки довталабон нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 860 нафар зиёд аст.
Гуфта мешавад, ки даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» тибқи муқаррароти Низомнома ва нақшаи тасдиқшуда 1 апрел оғоз гардида, 30 апрели имсол дар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рӯи панҷ номинатсия ҷамъбаст гардид.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб баргузор мегардад.
Мақсад аз баргузории озмун- муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, таблиғ ва эҳёи санъати миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ мебошад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2677 довталаб иштирок менамояд
Китоби нав таҳти унвони «Зиёӣ» ба табъ расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ доир шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН. Барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд
Китоби «Китобномаи шарҳиҳолӣ»-и Сипеҳр Ҳасанзод рӯнамоӣ гардид
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардид
Намояндаи Ҳизби Коммунистии Чин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги тоҷикон шинос шуд
Узви Раёсати Ҳизби «Ени Озарбойҷон» дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни қадимаи тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Каманди зулф»-и Зулфия Атоӣ рӯнамоӣ гардид
РОБИАИ БАЛХӢ – НАХУСТБОНУИ СОҲИБДЕВОНИ АДАБИЁТИ ТОҶИКУ ФОРС. Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ китоби «Хуттали Қадим» аз чоп баромад
Бахшида ба фаъолияти соҳаи метрологияи тоҷик Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид






