Дар Душанбе автодроми нав ба истифода дода мешавад

Сентябрь 5, 2014 09:43

Душанбе, 5.09.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Мехоҳам як нуктаро махсус таъкид намоям, ки агар таъмиру навсозии роҳҳои мошингард ва ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани онҳо як тарафи масъалаи аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар бошад, тарафи дигари масъала нигоҳдорӣ ва масъалаи истифодаи роҳҳо, яъне маданияти роҳдорӣ ва ронандагӣ мебошад, ки он вазифаи масъулони соҳа ва ҳар як фарди огоҳу ватандӯст ба ҳисоб меравад», — тазаккур Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон 5 сентябр зимни ифтитоҳи Маҷмааи корхонаҳо дар пойтахт.
Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки бо ин мақсад дар назди марказ мактаби омодасозии ронандагон таъсис дода шудааст, ки бо таҷҳизоти зарурии бақайдгирӣ, машқу таълими ронандагон ва воситаҳои муосири компютерӣ муҷаҳҳаз буда, дар он омӯзиши масъалаҳои таъмиру идораи воситаҳои нақлиёт ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар сатҳи баланди касбӣ ба роҳ монда шудаанд.
Бояд гуфт, ки таъсиси мактаби мазкур дар низоми идораи воситаҳои нақлиёт ва таъмини бехатарии шаҳрвандон иқдоми саривақтӣ буда, танҳо ба як курси омӯзишӣ то 120 шунаванда ҷалб мешавад, ки ба онҳо мутахассисони касбӣ ва соҳибтаҷриба нозукиҳои касби ронандагӣ ва заминаҳои ҳуқуқии қонунгузории ҳаракат дар роҳ, инчунин маданияти истифода аз воситаҳои нақлиётро меомӯзонанд.
Президенти кишвар мужда дод, ки фардо дар шаҳри Душанбе боз як майдони мошинронӣ, яъне автодроми нав ба истифода дода мешавад, ки дар бобати таълими ронандагӣ ва боз ҳам беҳтар гардидани маҳорату малакаи ронандагон саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Қобили зикр аст, ки дар маркази таълимии ифтитоҳшуда барои муайян намудани ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт таҷҳизоти замонавии истеҳсоли олмонӣ насб шудааст, ки дар он дар як рӯз зиёда аз 100 воситаи нақлиёт тибқи меъёрҳои ҷаҳонӣ аз ташхиси техникӣ гузаронида мешавад.
 
 

Сентябрь 5, 2014 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид