Истиқлолият- тоҷи заррини Тоҷикистон

Сентябрь 3, 2014 14:51

Душанбе, 3.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Миллати сарбаланди тоҷик имсол 23-солагии Истиқлолияти  давлатии кишвари азизамон-Тоҷикистон, ҷашнеро, ки  таҷассумкунандаи тамоми дастоварду бурдбории кишварамон мебошад, таҷлил  менамояд. 
23 сол аст, ки аз партави истиқлолият тоҷи заррини давлати Тоҷикистони соҳибихтиёри мо бо рангу ҷилои нав медурахшад ва аз шуълаи ҳаётбахши он рӯзгори мо мазмуну таровати тоза ва осоишу баракати рӯзафзун пайдо карда, манзилу маъво, шаҳру деҳот, водиҳои сарсабзу хуррам ва қуллаҳои сар ба фалаккашидаи кишварамон ғарқи нури истиқлол мебошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини Сарвари давлати тоҷикон интихоб шудан  ба хиради азалӣ  ва  бунёдкориву созандагии миллати тоҷик  такя  карда,  бо  эътимод  муътақид бар он аст, ки халқи  эҷодгару  бунёдкори тоҷик  таърихи навини худро  бо дасти худ бунёд карда, ҳамеша саъю  талош меварзад,  ки сарзамин,  таърих  ва  имрӯзи онро эмин нигаҳ  дорад.
Ба бахти мо 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистони азизи мо соҳибистиқлол гардид. Халқи тоҷик баъди зиёда аз  ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақили миллӣ гардида,   мақому манзалати хосса касб намуд. Барои миллат ин бахти нодир ва воқеаи хеле бузургу фараҳбахш аст. Дар тӯли таърих халқи тоҷик ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гардид. Бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ, истгоҳҳои барқии обӣ, шаҳрҳои калони сераҳолӣ, биноҳои серошёна маҳсули заҳмати сокинони ин кишвари биҳиштосо мебошад.
Баъд аз эъломи истиқлолият, Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳайси  кишвари мустақил ба  узвияти Созмони Миллали Муттаҳид  ва  созмонҳои дигари  байналмиллалӣ   пазируфта  шуда, ҳамчун  як   кишвари комилҳуқуқ  намояндагиҳои  димпломатии худро дар  хориҷи кишвар   таъсис дод. Инчунин кишварҳои зиёд  истиқлолияти Тоҷикистонро  эътироф  намуда,  намояндагиҳои  худро  дар  Душанбе  таъсис намуданд.
Бояд зикр намуд, ки  солҳои аввали  соҳибистиқлолии  Тоҷикистон  давраи  пурфоҷиа, солҳои  ҳалли  масъалаи  будан ё набудани  давлати Тоҷикистон,  таъмини сулҳу субот,  ризоият   ва  ваҳдати миллӣ,  марҳилаи омодасозии заминаҳои  гузариш  аз як низоми сиёсиву  иқтисодӣ  ва  иҷтимоиву  фарҳангӣ ба  низоми  комилан  нав  ва  гузоштани  таҳкурсии давлати  соҳибистиқлол  буданд. Бо  вуҷуди  ин   ҳама  мушкилоти сахту  сангини ин  давра, роҳбарияти  олии сиёсии Тоҷикистон  тавонист пайванди ҷомеаи худро бо ҷаҳони мутамаддини муосир, ки  ҷавҳар ва асли онро низоми  демократӣ,  ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ  ташкил медиҳад,таъмин намояд.
Роҳи мо  ба сӯи чунин  низом аз  баргузории Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ки оғози наҷоти  миллати мо  аз  вартаи парокандагӣ ва гузоштани аввалин  хишти бинои  сулҳ дар сарзамини  куҳанбунёди тоҷикон  буд,  ибтидо  мегирад. Дар ин иҷлосия  вақте ки фарзанди фарзонаи миллати  тоҷик  Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат интихоб гардид, Ватани нав  ба  истиқлолрасидаи  Тоҷикистон  рӯзҳои  даҳшатборро ба сар мебурд. Ҷангу  низоъҳои хунини миёни  тоҷикон   боиси   хисороти зиёди моливу ҷонӣ  гардида, ба якпорчагии  мамлакат  ва  ҳастии миллати тоҷик  таҳдид  мекард.
 Маврид  ба ёдоварист,  ки Иҷлосияи 16- уми  Шӯрои Олии Тоҷикистон  дар қасри  Арбоби  колхози  ба номи Саидхоҷа Урунхоҷаи Хуҷанд  16  ноябри  соли 1992 дар шароите оғоз шуд, ки пойтахт- шаҳри Душанбе  дар  ҳоли  муҳосираи  иқтисодӣ қарор дошт ва  вазъият  дар ҷумҳурӣ муташанниҷ  буд. 
Дар марҳилаи тақдирсозу  ноҳамвори  ташаккули  давлати  нави тоҷикон  бо дурандешиву  некбинӣ, қалби поку дили гарм, раҳбаладии хиради созандаву эҷодкор, ҳамчун  сиёсатмадори ҷавону бунёдкор Эмомалӣ Раҳмон миллати раҳгумзадаро  аз  марҳилаи  ноумедӣ  ҷониби  рӯзҳои  неку  деринтизор  ҷалб  сохт.  Маҳз  дар ҳамин  марҳила  нахустин санадҳои  танзимкунандаи  муносибатҳои  вобаста  ба  ташаккули рукнҳои давлатдорӣ ва   рамзҳои  давлати  мустақили Тоҷикистон  қабул  шуданд.
Мавриди  зикр аст,  ки  дар  давоми  солҳои  1990-1992  6 маротиба  роҳбарияти олимақоми  Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз  гардид, (Қаҳҳор Маҳкамов, Қадриддин Аслонов, Раҳмон Набиев, Сафаралӣ Кенҷаев, Акбаршо Искандаров), вале танҳо Эмомалӣ Раҳмон  тавонист    ҷомеаро  аз  вартаи  бесарусомониҳо  наҷот диҳад.
Роҳбари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон  аз лаҳзаҳои нахустини оғози  фаъолияти худ ба хотири нигоҳдошт ва  таҳкими  истиқлолияти миллӣ,  амнияту оромии сарҳадоти давлатӣ, осоишу  ободии ҷомеа, ҳифзи  ҳуқуқу  озодиҳои  шаҳрвандон  ва истиқрори созгорию  ваҳдати  саросарӣ  мароми  ягонаи роҳи сиёсии ҳалли  муноқишаҳои дохилиро  ихтиёр кард.
Нахустин  даври  гуфтушунид  миёни  мухолифин  ва  аъзоёни  ҳукумат  ҳанӯз  моҳи  апрели соли  1994 дар  шаҳри  Маскав,  мулоқоти минбаъда  солҳои  1995- 1996  дар  шаҳрҳои Кобулу Теҳрон, Маскаву Бишкек , Машҳад, вулусволии Тахори Афғонистон, Алмаато, Ашқобод  баргузор гардида,  ниҳоят Созишномаи умумии истиқрори  сулҳ  ва  созгории миллӣ дар ҷомеаи  Тоҷикистон 27  июни соли 1997  ба имзо расид.
Эмомалӣ Раҳмон  бо  тадбирҳои  хирадмандона  ва  матонату  ҷасорати  фавқулода  кишварро  аз  вартаи  фалокат  ва ҳалокат  берун  овард. Мардуми  парешонро  сарҷамъ  намуд  ва  садҳо  ҳазор  ғурбатзадагонро  ба ватан баргардонд.
Гуфта мешавад, ки  дар баланд  бардоштани  нуфузу  эътибори  байналмилалии Тоҷикистон  ва ҳалли   масъалаҳои  глобалии олам талошҳои Эмомалӣ Раҳмон  ниҳоят бузург  ва  саривақтӣ буданд. Ӯ борҳо аз минбари баланди Созмони Милали  Муттаҳид  соли 2003- юмро Соли  байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015 -умро  Даҳсолаи  «Об — барои ҳаёт» эълон кард. Дар айни ҳол аксари  чорабиниҳои ҷаҳонию минтақавии вобаста ба об  боиси сарфарозии ҳар як шаҳрванди  Тоҷикистон  аз ин иқдоми Сарвари  давлат аст.
Ҳамчунин дар тӯли  23 соли  истиқлолият кишвари мо таҳти  сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ  қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон, Суруди Миллӣ гардида, қувваҳои сарҳадии хешро устувор  гардонд. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд  ва  бо аксари  мамлакатҳои  пешрафтаи дунё  робитаҳои  сиёсӣ, иқтисодӣ  ва фарҳангӣ  барқарор намуд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва  идораи  давлат  танзим гардида, пули миллӣ  ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ эътироф гардид.
  Маҳз  бо заҳмату  талошҳои  пайгиронаи  Эмомалӣ Раҳмон  Тоҷикистон  дар  интиҳои асри ХХ аз  фоҷиаи миллӣ  раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии  худро таҳким бахшид  ва  миллати тоҷик  баъд аз ҳазор сол   дар  роҳи  эҳёи  давлатдории миллӣ   ба  дастовардҳои  бузурги таърихӣ ноил гардид  ва  ба сӯи ояндаи нек  устуворона қадам мегузорад.
Истиқлолияти  давлатӣ дар  назди мардуми тоҷик вазифаҳои бузурги таърихиеро  гузошт, ки  муҳимтарини  онҳо  ташкили аркони давлати  сохибихтиёри  миллӣ,  таҳкими  сулҳу  субот, таъмини амнияти  давлат  ва  ҷомеа, оғози  раванди  созандагиву   бунёдкориҳо ва  расидан  ба   сатҳи  зиндагии  шоистаи  мардум  буданд.
         Аз файзу   баракати   истиқлолият, сулҳу  субот   ва ваҳдати миллӣ самтҳои афзалиятноку муҳимтарини сиёсати дохилии давлати сохибистиқлоламон  тарҳрезӣ  ва  муайян шуданд, ки  мо  онҳоро  дар доираи  cе ҳадафи  стратегӣ-  таъмини  истиқлолияти энергетикии  давлатамон, аз  бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ  бахшидани  кишварамон ва  ҳифзи амнияти озуқавории мардуми шарифамон  зина  ба зина  татбиқ  карда  истодаем.
Имрӯз Тоҷикистони азизи мо тибқи муқаррароти меъёри давлатдорӣ соҳиби Парчам, Нишон, Суруди Миллии худ мебошад. Парчами Тоҷикистон бо рамзи рангҳояш ҷаҳониёнро бо анъанаҳои миллӣ ва қаҳрамониҳои тоҷикон ошно месозад.
 Ҳамин тавр, хизмати  таърихии Эмомалӣ  Раҳмон  аз он  иборат   аст, ки  маҳз ӯ  ихтиёри  давлатдориро ба  даст  оварда, пеши  роҳи  хатари нобудии  онро  гирифт, оташи  ҷанги   дохилиро  хомӯш  намуд,  сохтори  фалаҷгардидаи  ҳокимият, хусусан  мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқро  барқарор   сохт.      Артиши  миллӣ  ва  неруҳои посбони сарҳадро  таъсис  дод,  барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё  намуд.  Заминаи  сулҳи   миллиро  матраҳ   кард, гурезаҳо ва  муҳоҷирони   иҷбориро  ба  Ватан  баргардонид,  заминаи  устувори  эъмори   ҷомеаи   навини  Тоҷикистонро  гузошт.  Ислоҳоти конститутсиониро  дар  мамлакат  амалӣ   гардонид, Конститутсия (Сарқонун)-и нави  Тоҷикистонро  эҷод   кард.  Барои 27  июни  соли 1997 ба имзо  расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва  ризоияти  ҷомеа  заминаҳои  ҳуқуқиву  сиёсиро   фароҳам  сохт,  сулҳи  тоҷиконро  ба  даст  овард, ки  барои  ҷаҳониён  ин  таҷрибаи беназир  аст.

Сентябрь 3, 2014 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад