Президент: «Терминали боркашонии ҳавоӣ ҳарчи зудтар сохта шавад”
Душанбе, 03.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Мукаддас Темурзода),- “Ширкатҳои миллии авиатсияи граждании Тоҷикистон аз фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кўлоб ва Қўрғонтеппа аз рўи 180 хатсайр ба даҳҳо давлатҳои ҷаҳон парвозҳои мустақимро анҷом дода, ба ҳамин васила ҳамгироии мутақобилан судманди халқи тоҷикро бо оламиён таҳкиму тавсеа мебахшанд”,- изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронии хеш дар маросими ба истифода додани терминали нави «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе». Тибқи таҳлилҳо солҳои охир ҳиссаи ширкатҳои авиатсионии хориҷӣ дар ҳамлу нақли мусофирон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад. “Аз ин лиҳоз, Вазорати нақлиёт, ширкатҳои ватании авиатсионӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар вазифадоранд, ки дар баробари навсозӣ ва пуррагардонии парки тайёраҳо, аз ҷумла тавассути лизинг, оид ба зиёд кардани содироти маҳсулоти кишоварзӣ, кушодани хатсайрҳои нав барои парвозҳои мустақим ва транзитӣ, инчунин аз бунбасти коммуникатсионии боркашонии ҳавоӣ баровардани кишвар мунтазам чораҷўӣ намоянд. Хотиррасон месозам, ки дар ин самт доир ба сохтмони терминали боркашонии ҳавоӣ ҳарчи зудтар чораҷўӣ шавад”, — супориш дод Эмомалӣ Раҳмон.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






