Эй сорбон, оҳиста рон!

Ноябрь 25, 2014 11:05

 
Душанбе, 25.11.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки баҳри таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан ба шаҳри Душанбе рӯзи 25 ноябри соли равон аз соати 17:30 то 18:20 дақиқа ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои А.Дониш, Айнӣ, хиёбони Рӯдакӣ то чорроҳаи И.Сомонӣ, хиёбони И.Сомонӣ то Сино муваққатан манъ  мешавад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД, 26 ноябр аз соати 10:00 то10:30, 13:00 то 13:15, 14:20 то 15:00, 15:40 то 15:55, 16:45 то 16:55 дақиқа ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рудакӣ муваққатан манъ мешавад.
Инчунин аз соати 18:30 то 18:50 ва аз соати 20:30 то 20:50 дақиқа ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони И.Сомонӣ  муваққатан манъ мешавад.
Рӯзи 27 ноябр аз соати 11:30 то 12:00 дар хиёбони Рудакӣ ва аз соати 14:00 то 14:15 дақиқа дар кӯчаҳои А.Дониш, Айнӣ, Рӯдакӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан манъ мешавад.
 

Ноябрь 25, 2014 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид