Рӯзноманигори тоҷик — ғолиби озмуни «OCABF- 2014»
Душанбе, 20.11.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Толибшоҳи Давлат, муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсати рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар озмуни байналмилалии «OCABF — 2014» (Ҳамоиши адабии кушодаи Осиёи Марказӣ — 2014) ғолиб дониста шуд.
Т. Давлат қаблан миёни 450 довталаб дар озмуни байналмилалии «OCABF — 2014», ки бо ташаббуси ширкати англисии «Silk Road Media», дафтари «HertfordshirePress» ва дастгирии Маркази фарҳангии туркии «YunusEmre», маҷаллаи «Open Central Asia» баргузор гашт, бо повести «Турнаҳо дар баҳорон» ширкат варзида, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар қатори ӯ нуҳ адиби дигар аз кишварҳои Олмон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ довталаби даври ниҳоӣ буд. Китоби рӯзноманигори тоҷик соли оянда дар Лондон нашр хоҳад шуд.
Ёдрас мешавем, ки асар қиссаи ҳаёти муҳоҷирони тоҷикро дар бар гирифта, ибтидои соли ҷорӣ дар озмуни минтақавии «Новеллазия», ки аз ҷониби Бунёди «НюЕвразия» роҳандозӣ шуда буд, муваффақ гаштааст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






