Расонидани кумак бо мақсади рушд-барномаи СММ
Душанбе, 12.11.2014. (АМИТ «Ховар, Назири Назир).-Дирӯз дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Муайян намудани натиҷаҳои стратегӣ оид ба коркарди барномаи нав дар чаҳорчӯбаи нақшавии CMM баҳри расонидани кумак бо мақсади рушд дар солҳои 2016-2020» семинар оғоз шуд. Дар кори семинар намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагон аз оҷонсиҳои CMM ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуда, дар коркарди «Барномаи нақшавӣ баҳри мақсаднок интихоб намудани афзалиятҳои инкишоф дар кори минбаъдаи CMM ва дастгирӣ намудани кӯшишҳои Тоҷикистон барои рушди устувор» саҳми худро мегузоранд. Дар чаҳорчӯбаи коркарди Барномаи нақшавии мазкур, ки дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути вазорату идораҳои дахлдор амалӣ мегардад, аллакай якчанд марҳилаи муҳими омодагӣ гузаронида шудааст. Чунончи, баргузор намудани баҳодиҳии натоиҷ ва таъсирнокии «Барномаи нақшавии панҷсолаи қаблӣ барои солҳои 2010-2015», инчунин семинарҳои муштарак барои кормандони оҷонсиҳои СММ, вазорату кумитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ин ҷумлаанд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






