Семинари илмӣ оид ба ҳуқуқи муаллиф
Душанбе, 12.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ва Конфедератсияи ҷамъиятҳои муаллифон ва композиторон семинари миллӣ оид ба ҳуқуқи муаллиф ва таъсис додани идораҳои дастҷамъии ҳуқуқҳои амволии муаллифон баргузор гардид.Дар семинар намояндагони давлатҳои гуногун ширкат варзида, ёдовар шуданд, ки соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби кишварҳои зиёд ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва ягона эътироф шудани он, маънои онро дорад, ки тамоми идораҳо новобаста аз шакли моликияташон бояд ба ҳифзи объектҳои моликияти зеҳнӣ зиёдтар аҳамият дода, фаъолияташонро тибқи тартиботи қонун ба роҳ монанд.Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони истиқлолият пояҳои асосии қонунгузории худро дар соҳаи моликияти зеҳнӣ бунёд намуда, узви муҳимтарин созишномаю шартномаҳои байналмилалии соҳа гардид. Моддаи 40 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намудааст, ки: «Моликияти зеҳнӣ дар ҳимояи қонун аст».Гуфта шуд бо мақсади таъмини ҳуқуқи амволии муаллифон, иҷрогарон, истеҳсолкунандагони фонограмма ва дигар соҳибони ҳуқуқҳои вобаста ба он дар ҳолатҳое, ки ба таври инфиродӣ амалӣ сохтани он мушкил мегардад, дар Тоҷикистон метавонанд ташкилотҳое таъсис ёбанд, ки ҳуқуқҳои амволии шахсони мазкурро дар асоси дастаҷамъӣ идора намоянд.Семинари мазкур имрӯз кори худро анҷом медиҳад.Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги кишвар хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






