Рушди босуботи иқтисодӣ дар нуҳ ноҳияи ҷумҳурӣ
Душанбе, 4.12.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Созишномаи лоиҳавие, ки дирӯз дар шаҳри Душанбе аз ҷониби муовини вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Умед Давлатзод ва директори кишварии Барномаи рушди СММ Норимас Шимомура имзо шуд, ба беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии сокинони нуҳ ноҳияи кишвар нигаронида шудааст. Чорабинии мазкур аз рӯи натиҷаи имзои Созишномаи грантӣ байни БРСММ дар ҶТ ва Сафорати Федератсияи Русия вобаста ба иҷрои лоиҳаи “Беҳтар намудани некӯаҳволии аҳолии деҳот, ки дар нуҳ ноҳияи ҶТ истиқомат мекунанд”, баргузор гардид. Лоиҳаи мазкур ба маблағи 6,7 млн. доллари ИМА аз ҷониби Ҳукумати Федератсия Русия маблағгузорӣ шуда, тавассути БРСММ дар ҳамкории зич бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар муддати се сол амалӣ мешавад.Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, ҳангоми имзои Созишнома иброз намуд, ки лоиҳаи мазкур, идомаи ташаббуси барномаи рушди деҳот мебошад, ки аз ҷониби БРСММ татбиқ мешавад. Мақсади он коҳиши сатҳи камбизоатӣ, беҳтар намудани фазои тиҷоратӣ ва рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ буд. Лоиҳаи мазкур ба рушди босуботи иқтисодӣ дар як зумра ноҳияҳои ҷумҳурӣ нигаронида шудааст. Дар доираи лоиҳа фаъолият вобаста ба беҳтар намудани фазои тиҷоратӣ, рушди соҳибкорӣ, пешниҳоди қарзҳои хурд ба намояндагони бахши хусусӣ, фароҳам овардани шароит барои ташкили ҷойҳои корӣ ва омодакунии касбии мутахассисон амалӣ мешавад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






