ҲАТ номзади навбатиашро пешбарӣ кард
Душанбе, 6.01.2014 (АМИТ «Ховар»).- Моҳи январи соли 2015 дар ноҳияи Восеъ конфронси якҷояи бахшҳои дар ноҳияҳои Балҷувон, Темурмалик будаи Ҳизби аграрии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар конфронс, ки дар он вакилони ҳизбӣ аз ин се ноҳия ширкат варзиданд, номзадии Зайниддин Сафаров ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳавзаи Восеъ 39 пешбарӣ гардид. Се ноҳияи мазкур ба истиснои ду ҷамоати ноҳияи Восеъ ба ҳавзаи интихоботии №39 шомил буда, дар он зиёда аз 100 ҳазор интихобкунанда сукунат дорад. Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар барномаи худ рушди деҳот ва кишоварзии ҷумҳуриро дар мадди аввал гузошта, онро асоси пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар, ки беш аз 74% дар деҳот зиндагӣ мекунанд, донистааст. Зайниддин Сафаров соли 2013 аз ҳавзаи Восеъ 39 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, то ҳол фаъолият менамояд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






