Ошёни меҳр

Март 30, 2015 14:58

Душанбе, 30..03.2015.(АМИТ  «Ховар»).- Оиларо ошёни меҳр мегӯянд, ошёне, ки дар пояи баланд қарор дораду кулли бурду бохти зиндагиро барои ҳар як инсон меомӯзад, чунки ҳастии инсон маҳз аз оила сарчашма мегирад. Пас, оила бояд ба тавре сохта шавад, ки нуқси ночизи он (камтарин нофаҳмиҳои оилавӣ) низ ҳамчун як ширинии ҳаёт пазируфта шавад.
Оила падидаи иҷтимоӣ буда, онро ҷузъи пешбарандаи ҷомеа ном мебаранд, падидаест, ки ҷомеа ва давлат аз он ғизои маънавӣ мегиранд, падидаест, ки ин ду сохтори муҳимро муаррифӣ менамояд. Ё ба таври дигар, оила ақду пайванди муборак аст. Идора ва нигоҳ доштани онро масъулият мегӯянд, яъне оила паноҳгоҳест, ки аз даст задан ба ҳар гуна ҷиноят ва корҳои ношоям ҳар як аъзояшро эмин нигоҳ медорад. Пас, он бояд чӣ гуна бошад? Суолест, ки атрофи он баҳсҳои доманадору садоҳо зиёданд.
Солимии ҷомеаро аз солимии оила ва насли солим арзёбӣ мекунем, ки ин барҳақ дуруст аст. Ҷомеа аз оилае, ки намуна аст, оилае, ки дар маҳал обрӯю эҳтиром дорад, оилае, ки фарзандони тарбиядида ва солим дорад, оилае, ки баробарҳуқуқии аъзои оиларо мувофиқи қонунҳои амалкунандаи зиндагӣ эътироф кардааст, сарчашма мегирад. Вале, мутаассифона, кам андар кам чунин оилаҳо ба назар мерасанд, ки ба талботи замон ҷавобгӯ бошанд. Мисоли инро дар яке аз масъалаҳои мубраме, ки имрӯзҳо аҳли ҷомеа ва махсусан мутахассисони соҳаи дахлдорро ба ташвиш овардааст ва аз он бонги изтироб мезананд, дида мебароем, ки ин никоҳи хешутаборӣ аст.
Никоҳи хешутаборӣ таърихи доманадор дорад, ки бештар миёни мардуми мусалмон роиҷ аст. Таърихнигорон, фарҳангшиносон ва ҳатто рӯҳониён сабаби роиҷ гаштани чунин издивоҷро ба омилҳои иҷтимоӣ вобаста медонанд ва таъкид ба таъкид мегӯянд, ки аз никоҳи хешутаборӣ кӯдакони имконияташон маҳдуд ба дунё меоянд.
Мутахассисони соҳаи тиб низ бар он ақидаанд, ки ҳамсарӣ бо аммаву амакзода, холаву тағозода агар ба солимии фарзанд таъсири манфӣ нарасонад ҳам, хатари таваллуди фарзандони носолим дар наслҳои оянда, набераву абераҳои онҳо дида мешавад. Кафолати солим ба дунё омадани фарзандон аз никоҳи хешутаборӣ ҳеҷ гоҳ набуд ва намешавад.
Таҳлилҳо ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки шумораи оилаҳои парокандае, ки никоҳи хешутаборӣ дошта, фарзандони носолим ба дунё овардаанд, рӯз аз рӯз рӯ ба афзоиш дорад. Акнун қазоват кунед, дар сароғози хонадоршавӣ аз никоҳи хешутаборӣ андеша намекунем, вале баъди оне ки фарзанд таваллуд шуду иллатҳои маъюбии ӯ ҳувайдо мешаванд, ҳам аз ҳамсар ва ҳам аз фарзанд канораҷӯӣ намуда, бо ҳар баҳона роҳи ҷудошавиро пайдо менамоем ва ин ду фариштаи заминиро аз хонаву дар маҳрум месозем. Сарсону саргардон зан-модари овора намедонад ба куҷо раваду бо фарзанди бемораш чӣ кор кунад. Ягона роҳи илоҷашро дар ятимхона мебинад. Ҷигарбандашро бо дили хоҳаму нохоҳам дар он боргоҳ бо ду дидаи гирён ва чашм ба роҳ паноҳашро ба ҳудо ҳавола карда, мемонаду меравад. Меравад бо хаёлҳои парешон, бо ашкҳои шашқатор, бо ҷигари сӯзону дили нолон. Кӯчаву хиёбонҳои доманадори шаҳрро мегузарад, ҷӯйбору кӯпрукҳои дигарро убур мекунад, аз назди ҳазорҳо инсонҳо мегузарад, вале дар фикру андеша намедонад куҷо расидаасту куҷо равон аст. Моту мабҳут аз тақдири хеш, аз сахтию сардиҳои зиндагӣ болои санги калон фиғон мекунад.
Мо бошем чӣ? Андешаи онҳоро дигар намекунем. Аз пайи сариштаи зиндагии хеш шуда, фикри зану кӯдаки маъюб дигар дар майнаи сари мо намеғунҷад. Ё бехабар аз оҳу нолаи ҷонсӯзи модару кӯдаки заъф ва ё бепарвоӣ нисбат ба тақдири онҳо бехабар аз онем, ки дар рӯзи қиёмат ҷавоби онҳоро ба Парвардигор чӣ гуна медиҳем. Бехабар аз онем, ки тақдири ин тифли бегуноҳ чӣ мешавад? Охир ӯ бегуноҳ аст. Гуноҳу хатоии нобахшиданӣ аз мо сар мезанад, пас чаро мо дидаву дониста худро ба нодонӣ мезанем ва такрор ба такрор на аз пайи ислоҳ, балки аз пайи зиёдшавии никоҳи хешутаборӣ, ки натиҷаи фарҷомаш ба оилавайронӣ ва ятим мондани кӯдакон оварда мерасонад, талош меварзем.
Андеша бояд кард, на андешаи сарсарӣ, балки андешаи амиқ, ки роҳи ин мусибатро чӣ тавр бояд гирифт. Бале, мусибат, мусибатест барои он зан ва он тифле, ки меҳрубонию навозишҳои падаронаро надида, ба тақдири хеш тан медиҳанд. Мусибатест, ки ҷомеаро домангир аст. Мусибатест, ки ҳалли бетаъхири худро тақозо дорад.
Пас, тадбир чист? Сарвари Давлат дар Паёми имсолаи худ ба ин суоли мо посухи амиқ ва дастур низ дод, ки он моро аз он ки оила ва маърифату суннатҳои хонаводагиро муқаддасу муҳтарам донем, ҳушдор медиҳад. Яъне, мо бояд аз издивоҷи хешовандӣ канораҷӯӣ намоем, аз он даст кашем ба хотири солимии наслҳо ва пойдории оилаҳо ва ин дастур раҳнамоест барои ҳамаи аъзои ҷомеа ва махсусан ҷавонон, то фардо зиндагию фарзандони солим дошта бошем.
 

Март 30, 2015 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад