Хатлон: Таҷлили 70-солагии Ғалаба бар фашизм
Душанбе, 29. 04. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Ҷашни 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 9 май дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ботантана таҷлил мешавад.
Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 1 то 9 майи соли ҷорӣ эълон намудани ҳафтаи поси хотири шаҳидон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, расонидани кумакҳои моддию молиявӣ ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, гулгузориҳо дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, майдони 60-солагии Ғалаба, Оташи абадӣ ва майдони Аскари номаълум, инчунин консерти идона бахшида ба таҷлили 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар толори Боғи фарҳангии шаҳри Қӯрғонтеппа пешбинӣ шудааст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






