Ин қадар риш чӣ маънӣ дорад?

Апрель 27, 2015 16:48

       Душанбе, 27.04.2015. (АМИТ «Ховар»). — Аз баррасии вазъияти кунунӣ дар кишварҳои мусулмонӣ доир ба бахшҳои гуногуни масоили шаръӣ ба чунин хулоса мерасем, ки мардум дар бисёре аз ҳолатҳо дар иҷрои фармудаҳои муҳиму зарурии фарзӣ ғафлат варзида, ба корҳои ғайримуҳим ва нофилаву мустаҳаб рӯй овардаанд. Аз ҷумлаи ин корҳо метавон аҳамияти ҷиддӣ додан ба масъалаи риш, ки чигунагии он як масъалаи баҳсбарангез мебошад, ишора кард. Дар ҳоле ки ин масъаларо  ба таври хулоса ҳам аз нигоҳи дин ва ҳам аз мавқеи талаботи шароити замона ва тақозои муҳит ба осонӣ ҳал кардан мумкин аст.
       Якум, нигоҳи динӣ: Дар асоси далолати маълумоти сарчашмаҳои асосии дин – Қуръони карим ва суннати саҳеҳи набавӣ маълум мешавад, ки ба таври возеҳу ошкор ва амру таъкид дар Қуръони карим вобаста ба масъалаи риш гузоштан ва ҳатмияти он фармудае аз ҷониби Худо ворид нашудааст. Дар аҳодиси саҳеҳи набавӣ бошад, ин масъала ба таври амриву таъкидӣ баён нашуда, танҳо ба сурати тавсиявӣ ҷой дорад, яъне онро ҷузъи фитрати инсонӣ донистааст. Монанди ин ҳадиси саҳеҳ, ки дар «Саҳеҳи Муслим» бо ривояти Оиша аз набии акрам зикр шудааст: «Даҳ чиз аз фитрат (покӣ) аст: кӯтоҳ кардани мӯйлаб; пурра кардани риш; мисвок кардан; димоғро тоза кардан; нохунхоро гирифтан; болои буғумҳои ангуштонро покиза доштан; мӯйи зери бағалро кандан; мӯйи зери нофро тарошидан; баъди қазои ҳоҷат бо об истинҷо кардан ва хатна кардан». 
      Ҳамчунин дар ҳадиси дигар чунин фармудааст: «Сибилҳо ва ё бурутҳои худро кӯтоҳ намоед ва ришҳои худро баланд бигузоред, (бо ин амали худ аз назари зоҳирӣ) бо яҳуду насоро мухолифат кунед». Ин ҳадиси набавӣ низ бинобар шароити сиёсии давраи пайғамбар ва пайдо кардани ҳувияти ягонаи зоҳирӣ барои мусулмонон баён карда шудааст.
        Аз назари фиқҳӣ бошад, ин масъалаи ихтилофӣ буда, дар мазҳаби имом Молик ва Имом Аҳмад тарошидани онро, ба ҷуз зери гулӯ ва атрофи риш ва ҳамчунин беш аз як панҷаи онро ҳаром донистаанд. Вале дар мазҳаби ҳанафӣ бошад, тарошидани ришро макрӯҳ дониста ва мондани онро суннати муаккада зикр кардаанд. Аммо ба таври умум, бинобар шароити муҳити зисти Мовароуннаҳр фуқаҳои ҳанафии ин хитта мондани ришро яке аз суннатҳои завоид дониста, як амри нафлу мустаҳаб зикр кардаанд, ки мондани он савоб ва тарошиданаш гуноҳ надорад.
       Дуюм, аз нигоҳи муҳитӣ ва замонӣ: Таърихи гузаштаи ин сарзамин, хусусан дар садсолаи охир ба чунин натиҷа меорад, ки гузоштани риш дар байни ҷомеаи мо як амри ихтиёрӣ буда, бештар бинобар шароити вақти ҷомеа тағйиру таҳаввул пайдо кардааст. Хушбахтии ҷомеаи мо низ нисбат ба дигар ҷомеаҳо, монанди Покистону Афғонистон ва ғайра дар ин аст, ки риш гузоштан ҷузъи ҳувият ва фарҳанги ҷомеа набуда, бештар дар байни мардони синну соли болотар аз 50-сола ривоҷ дошт. Вале бо омӯзиши ин масъала дар кишварҳои дигар мушаххас мешавад, ки ин амали суннату мустаҳаб аз хеле корҳои фарзи дигар болотар меистад. Зеро ба таври мисол дар байни қабилаҳои Афғонистону Покистон гузоштани риш ҷузъи урф ва ҳувияти фарҳангии он буда, агар марде ҳазорон гуноҳи кабира кунад ҳам, ба чашми ҷомеа намерасад, вале агар риш надошта бошад, ҳамаи ангуштони иттиҳом ба сӯйи ӯ равон карда мешавад. Воқеияти ҳаёти имрӯза мо чунин аст, ки имрӯз дар тасаввури мардум ашхоси ҷавони ришдор аксаран ҳамчун таҷассумгари зулму тааддӣ, куштору бераҳмӣ, ҷаҳолату нодонӣ ва гурӯҳи потенсиалии размандагони «давлати исломӣ» муаррифӣ мешаванд ва ба истилоҳи устод Айнӣ намои дар «ҷоҳилистони исломӣ» ғӯтавар буданро доранд ва барои фарқгузорӣ аз ин гурӯҳҳо тарошидани риш ин маънои   исломи мӯътадилу созандаро пайравӣ кардан аст.
        Бинобар ин, бояд ин воқеиятро қабул кард, ки имрӯз мусулмонон дар бисёре аз масоили муҳим, ки заминасози тамаддунофарӣ ва пешрафту тараққиёт бошад, воқеан ғофил мондаанд. Вале дар атрофи ҷузъитарин масъалаҳои зоҳирии шаръӣ, монанди риш мондан, чигунагии андозаву намуди салла ва ғайра саропо ғӯтавар шудаанд. Аммо дар бораи  масъалаҳои муҳимми рӯз, ки заминасози рушду такомул ва пешрафти моддию маънавӣ маҳсуб мешаванд, монанди фарзияти илмомӯзӣ, содиқ будан дар корҳо, ихтироъкорию навоварӣ ва ғайра беаҳаммиятӣ зоҳир менамоянд ё тамоман кам таваҷҷуҳ мекунанд. Бинобар ин, дар шароити имрӯзи ҷаҳонӣ доир ба масъалаҳои мубрами ҷомеа аҳаммият додан ба «фиқҳи авлавиёт» мувофиқи мақсад дониста мешавад. Аз ин рӯ, барои ҳалли масъалаҳои мубрами рӯзи ҷомеа ва равона кардани афкори ҷамъиятӣ ба сӯйи тамаддунофарӣ ва расидан ба як зиндагии солиму шоиста зарурати ҳам аз ҷониби ниҳодҳои дахлдори давлатӣ ва ҳам аз ҷониби рӯҳонияти дилсӯзу худогоҳ ва муътадилу муътамад сари вақт баҳо додан ба ин қабил масъалаҳо амри ногузир ва зарурӣ аст. 
Зарурати ҳифзи сулҳу оромӣ ва суботи устувори ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвари мо тақозо менамояд, ки бо назардошти вазъи бӯҳронии сиёсӣ дар Ховари Миёна ва душманию тандравиҳо дар атрофи арзишҳои волои дини мубини ислом мунтазам масъалаҳои рӯзи ҷомеаро осебшиносӣ намоем ва ба таври фаврӣ пешниҳодҳои созандаеро таҳия бикунем, ки бо мазҳаби ҳанафӣ ихтилоф надошта бошанд ва боиси қавӣ гардидани ваҳдати эътиқодӣ ва ватандӯстию худшиносии мо гардад, то нотавонбинон натавонанд дар атрофи як масъалаи ночизу беарзиш «аз пашша фил» созанд. Ин иқдоми фаъолияти зудамал ва холисона баҳо додани масъалаҳо дар асри пешрафти технологияи иттилоотӣ ва авҷ гирифтани ҷанги иттилоотӣ дар заминаҳои боварии динӣ ҳамчун амри зарурӣ ва лозим ба назар мерасад. Зеро агар мо аз дохил бар асоси талаботи манфиатҳои миллӣ ва бақои давлатдории худ натавонем ниёзҳо ва афкори динии ҷомеаро ташаккул диҳем, бегонагон ба камтарин масраф афкори умумиро ба он самте, ки худ мехоҳанд, равона мекунанд.
Аз ин лиҳоз, мувофиқи мақсад дониста мешавад, ки ба таври ошкоро зарурат, заминаҳои суннатӣ, тарзи ба шаклу зоҳир ва синну соли худ мувофиқ риш мондан фаҳмонида шавад, то ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳои бардурӯғу фитнаҷӯёна пайдо нагардад. Ҷавонони ғаюру ватандӯсти мо бояд маслиҳат дар он бинанд, ки ҳамин як масъалаи камарзиш ва аз нигоҳи булҳавасию таассуб муносибат кардан ба он боиси ҳангомаҷӯиҳои нодаркор гардида, масъалаи асосии даврони наврасию ҷавонмардӣ – андӯхти илми нофеъ ва аз худ кардани касбу ҳунарҳои зарурӣ ба фаъолиятҳои дуюмдараҷа табдил ёбад. Зеро ин қабил рафтори ноогоҳона ва якравӣ заминаи мазлуму ҷабрдида нишон додани ришдорон ва дар натиҷа ба болоравии ҳисси эътирозии ҷомеа сабаб шуда метавонад ва бадхоҳони рушди орому осоиштаи ҷумҳурии азизи мо онро ҳамчун падидаи маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон барои поён бурдани имиҷи байналмилалии кишвар истифода бурда метавонанд. Мо умед дорем, ки ҷавонони саодатманди мо ба хотири таъмини шукуфоӣ ва рушди устувори давлату миллати худ ба дарки дурусти ин масъала сарфаҳм мераванд ва ба тундравию таассуб дар атрофи ин масъала роҳ намедиҳанд.  
 
 Маҳмуд Ғиёсов – мутахассиси пешбари Шӯъбаи 
маъхазҳои исломии Маркази исломшиносӣ дар 
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 
 
 
 

Апрель 27, 2015 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад