Иштироки тоҷикистониён дар конфронси Маскав

Апрель 13, 2015 11:21

Душанбе,13.04.2015( АМИТ «Ховар» Марҳабои Азамат ).- Дар Донишгоҳи давлатии иктишофи геологии Русия ба номи Серго Орҷоникидзе бахшида ба 70- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ Конфроси XII байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Ғояҳои нав дар улуми оид ба замин» баргузор гардид. Дар ин бора намояндаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Муҳаммад Эгамзод ба АМИТ «Ховар» хабар дод. Ба гуфтаи дипломати тоҷик, дар конфронс масоили мушкилоти экологию энергетикии истифода ва ҳифзи қаъри Замин, технологияҳои муосири иктишоф, арзёбӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок, гидрогеологияи экологӣ ва таҳқиқи минтақаи Артика мавриди мухокима қарор гирифтанд. Дар кори конфронс муовини раиси ҳукумати Федератсияи Русия А.Г. Хлопонин иштирок намуда, ҳамаи ҳозиронро табрик кард. Дар конфронс сардори Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати ҶТ Ҷумъазода Мурод Хол аз ҷониби кишвари мо маърӯза кард. Дар байни иштирокдорони хориҷии конфронс намояндагони Австралия, Алҷазоир, Ангола, Арманистон, Афғонистон, Беларус, Булғористон, Ветнам, Гурҷистон, Миср, Италиё, Ироқ, Қазоқистон, Канада, Қатар, Қирғизистон, Колумбия, ҶМЧ, Муғулистон, Нидерланд, Лаҳистон, Арабистони Саудӣ ,Судон, ИМА, Тоҷикистон, Узбекистон, Украина, Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва кишварҳои дигари ҷаҳон ҳозир буданд.

Апрель 13, 2015 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд