Фаъолияти пурсамари бахши ХМ дар Варзоб

Май 29, 2015 13:48

          Душанбе, 29.05.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Имрўзҳо Бахши навтаъсиси Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб фаъолияти кории худро дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба навгонӣ ва дигаргуниҳои воридшуда дар Қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Федератсияи Русия вохўрию ҷамъомадҳо ташкил намуда, ба шаҳрвандоне, ки хоҳиши ба  Федератсияи Русия рафтанро доранд, меъёрҳои нави қонунгузории муҳоҷиратро, ки аз 1 январи соли 2015 ҷорӣ ворид шудаанд, мефаҳмонанд.
Бино ба иттилои сухангӯи хадамот Абдуллоҳи Қодирӣ, бахши хадамот дар ҳамкори бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштарак дар ҳайати гурӯҳи корӣ бо сардории муовини соҳавӣ дар вохўриҳо дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия иштироки бевосита менамоянд. Аз ҷумла, дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бо теъдоди 1,5 ҳазор нафар сокинони деҳаҳои Поруд, Пишамбе, Деҳмалик, Такоб,Чормағзакон, Дараи фонӣ, Арақчин, Чорбоғ, Косатарош, Чорводор, Лучоб, шаҳраки Такоб, Варзоб, Гажне, Зимчурўд, Панҷхок, Калон, Намозгоҳ ва Оби Хириф вохӯрда, оид ба қоидаҳои нави будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Русия маълумоти зарурӣ пешниҳод намуданд. 
            Зимни вохӯриҳо ба сокинони ҷамоатҳо дастур дода шуд, ки барои гирифтани Сертификати донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Русия ба донишгоҳҳои олии кишвар, ки ҳуқуқи додани сертификатро доранд, муроҷиат намоянд.
            Ў зикр намуд, ки масъалаи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон ба хориҷи кишвар як маротиба дар машварати назди раиси ноҳия оид ба ташкили курсҳои кўтоҳмуддати омўзиши забони русӣ, як маротиба дар асоси муроҷиати бахш оид ба  ҳамкор, ҷиҳати муайян намудани теъдоди ба муҳоҷирати  меҳнатӣ рафтагон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
            Дар ин раванд онҳо тавонистанд ба воситаи ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия ҳар семоҳа пурсиши хона ба хонаро ҷорӣ намуда ва рўйхати муайяншудаи  муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи кишварро тартиб диҳанд.          
            Дар айни замон, мувофиқи маълумотҳо дар муддати 5 моҳ ба муҳоҷират меҳнатӣ  4949 нафар сокини ноҳия рафтааст, ки аз он1136 нафараш зан ташкил медиҳад. Дар ин муддат, аз муҳоҷирати меҳнатӣ 2738 нафар баргашт, ки аз ин 301 нафараш зан мебошад.
           Дар давоми муҳлати сипаригашта, 239 гафар сокини ноҳия бо  шиносномаи хориҷӣ таъмин гардид, ки омодаи сафар ба кишвари Русияро доранд. Мутаассифона, ба 26 нафар шаҳрванд ҳуқуқи ба Федератсияи Русия ворид гардидан манъ  шудааст. Дар айни замон ҳамаи онҳо бо корҳои хоҷагиҳои ёрирасони инфиродӣ машғул мебошанд.
          Бахши Хадамоти муҳоҷират дар маркази ҷамоатҳо дар ҷойҳои серодам гўшаҳои иттилоотӣ ташкил намуда, дар онҳо тағйиру иловаҳо дар қонунгузории Федеролии Русияро дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ҷой додааст.  
          Бояд арз намуд, ки дар самти муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.
          Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷирати  дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2013-2015» ва нақшаи тасдиқгардида, рўйхати 50 оила, ки бо замини наздиҳавлигӣ таъмин гаштаанд, инчунин рўйхати 15 хоҷагии муҳоҷирони экологии ноҳияро барои соли 2015 бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва  шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.
          Дар  натиҷаи бурдани корҳои омўзишӣ ва фаҳмондадиҳӣ инчунин дар асоси протоколи комиссияи ҷамъиятии назди мақомоти иҷроия аниқ шуд, ки 180 оила аз минтақаҳои кӯҳистони сераҳолии ноҳия ба минтақаҳои дорои заминҳои лалмии бекорхобидаи ноҳия, ки барои бунёди манзили истиқомати пешбинӣ шудааст ва хоҳиши ихтиёрӣ кўчиданро доранд, ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва  шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид намудан ба «Нақшаи миёнамуҳлати аз ноҳияҳои камзамини кӯҳистон ва сераҳолӣ ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ ихтиёрӣ кўчонидани аҳолӣ дар солҳои 2016-2018» пешниҳод карда шуд.
           Аз 50 оилаи муҳоҷирати дохилӣ 3 нафар сохтмони манзили истиқоматиашро ба итмом расонид, 7 нафар деворҳои хонаашро бардошта, сохтмон идома дорад, 10 нафари дигар бошад таҳкурсии хонаҳояшонро бардоштаанд, 30 нафар ҷойи манзили зисташонро ҳамвор намуда, дар тарадуди овардани масолеҳи сохтмонӣ мебошанд.           
           Бояд гуфт, ки дар Бахши Хадамоти муҳоҷират рўзҳои қабули шаҳрвандон омода шудааст, ки ҳар ҳафта 2 маротиба бо тариқи шифоҳӣ ва телефонӣ сокинони ноҳия муроҷиат менамоянд. Дар ин муддат ба Бахш 211 нафар аз тариқи шифоҳӣ ва 30 нафар аз тариқи телефонӣ муроҷиат намуда, ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
          Дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғлии аҳолӣ дар ноҳияи Варзоб ҷиҳати ташкили курсҳои омўзиши забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Русия корҳои назаррасро ба анҷом расониданд.
          Дар як муддати кўтоҳ 130 нафар сокини ноҳия барои касбомўзӣ ва омўзиши забони русӣ фиристонида шуд, ки аз он 61 нафараш зан аст.
          Дар ҳамкори бо раёсати маориф, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғлии аҳоли ҷиҳати кушодани курсҳои омўзиши забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия дар маркази ҷамоатҳо ба мувофиқа расидаанд, ки дар моҳи сентябри соли ҷорӣ курсҳои омўзишӣ  ба фаъолият оғоз намоянд.
          Дар самти пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ муайян гардид, ки дар ноҳия ҶДММ «Исинзян Инхай»- корхонаи хиштбарорӣ фаъолият менамояд, ки дар он 12 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин бо иҷозатнома фаъолият дорад. Дар ҶДММ «Тоҷикистон» корхонаи истеҳсоли семент муаяйн гардид, ки зиёда аз 15 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин бе иҷозатнома ғайриқонунӣ фаъолият дорад, аз ин ҳолат ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва  шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуд.
           Дар ин муддат бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб дар  семинар — тренинги мубориза бар зидди терроризм дар Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе, дар семинар — тренинги омўзишӣ дар мавзўи «Пешгирии зӯроварии ифротгароӣ ва тундгароии ба терроризмбаранда» ширкат варзида, ҷаҳонбинии худро васеъ намуданд.           
Дар ҷаласаи Шўрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ» иштироки фаъол намуда, пешниҳодҳои ҷолиб намуданд.

Май 29, 2015 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Хонандагони муассисаҳои таълимии Норак дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 35 медал шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд
Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд
Тоҷикистон ва Индонезия чорабиниҳои дарпешистода дар соҳаи дипломатияи обиро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бо вакилон вохӯрӣ баргузор гардид
Бо фаъолону сокинони Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон вохӯрии судманд доир гардид
Доир ба истифодаи самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ машғулияти такмили ихтисос оғоз ёфт