Тарғиби либоси ягонаи мактабии истеҳсоли ватанӣ
Душанбе, 13.05.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм машварати ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ, муовинони раисони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва сардорони раёсату мудирони маориф аз вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ширкат варзиданд.Чорабинӣ бо намоиши либосҳои мактабӣ оғоз гардида, дар он зиёда аз 28 ширкати истеҳсолкунандаи ватанӣ маҳсулоташонро пешниҳоди иштирокдорон карданд. Аз ҷумла, Мактаби президентии шаҳри Чкалов, баъзе аз муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки пурра ба либоси ягонаи мактабӣ гузаштаанд, гўшаҳои намоишии худро ташкил намуданд.Баъди шиносии иштирокдорон аз намоишгоҳ, дар толори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳти раёсати Марҳабо Ҷабборӣ машварати ҷумҳуриявӣ доир гардид, ки дар он вазирони саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, инчунин намояндагони ширкатҳои истеҳсолӣ, муовинони раисони вилоятҳо, сардорони раёсат ва мудирони маориф таклифу пешниҳодҳои муфид манзур намуданд.Дар ҷамъбасти машварат муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ сухан гуфта, ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ барои харидории либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ, таъмини сифат ва арзиши дастрас аз ҷониби ширкатҳо, ташкили ярмаркаи фурӯши сайёри маҳсулоти мактабӣ ва дигар корҳои марбута супоришҳои дахлдор дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






