БДА ҶТ: Ҳалокати 199 нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ
Душанбе, 13.07.2015. (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода)-Дар давоми 6 моҳи соли равон дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 650 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 199 нафар фавтида, 705 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз Раёсати БДА-и ВКД ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки зимни гузаронидани санҷишҳои махсуси кормандони ин ниҳод дар 6 моҳи соли равон ҳамагӣ 646 ҳазору 044 ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат аз ҷониби ронандагон ошкор гардид, ки аз ин теъдод 4 917-тоаш дар ҳолати мастӣ, 26 033-то бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ, 805 ҳолат бинобар доштани шишаи сиёҳ, 3 072-то бидуни рақами давлатӣ, 467-то бо рақами бегона, 91 654-то дар ҳолати афзоиши суръат ва 149 ҳазору 830 ҳолат ҳангоми зер намудани пиёдагардону велосипедронон ба қайд гирифта шудааст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






