Дар ҳамоиши Уфа воридшавии Ҳиндустону Покистон ба СҲШ баррасӣ мешавад

Июль 1, 2015 06:22

Душанбе, 01.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Дар  ҳоли  ҳозир  12  давлат  ба Созмони  Ҳамкории  Шанхай  мароқ  зоҳир  намуда, хоҳиши  пайвастан ба онро иброз  медоранд. Дар  маърӯзаи  муовини  вазири  мудофиаи  Русия  Анатолий  Антонов, ки  30  июн  дар  машварати  вазирони  мудофиаи  давлатҳои  узви  СҲШ  дар  шаҳри  Петербург  суханронӣ  кард, ҳамин  мавзӯъ  зикр  гардид. 
«Дар  ҳамоиши  Уфа  дархостҳои  Ҳиндустону  Покистон барои воридшавӣ ба  СҲШ баррасӣ  мешаванд. Кишварҳои дигар  низ мехоҳанд, ки робитаҳояшонро   бо мо,  аз ҷумла дар  бахши  ниҳодҳои  мудофиавӣ таҳким  бахшанд», —  гуфт  Анатолий  Антонов.
Ба  гуфтаи  муовини  вазир, «ин аз он  далолат  мекунад, ки аҳамияти  СҲШ ҳар  чӣ  бештар  афзуда, роҳҳои  ҳалли  муштараки  масоили  муҳимтарини минтақа  марбут ба  амният,  мубориза бо терроризм,  ифротгароӣ ва  ҷинояткории  кибернетикиро  ҷустуҷӯ  менамояд». 
Қаблан  дабири  кулли  СҲШ Дмитрий  Мезентсев  изҳор  дошта буд, Афғонистон, ки  аз оғози соли 2015 дар он  ҷо шиддат  ёфтани муқобилати байни ҷунбиши исломии «Толибон» ва  қувваҳои  ҳукуматӣ ба  қайд  гирифта шудааст, проблемаи  асосии  минтақаи  СҲШ ба  шумор  меравад. 

 

Июль 1, 2015 06:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид