Дар Хатлон истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Июль 14, 2015 06:02

Қӯрғонтеппа, 14.07.15. (АМИТ «Ховар»,  Мурод  Сотиев). – Дар  вилояти  Хатлон  истеҳсоли  маҳсулоти  кишоварзӣ  афзоиш  меёбад.  Бино  ба  хабари  Раёсати  кишоварзии  вилоят,   тайи  6  моҳи  соли  равон ба  маблағи  2  миллиарду 973  миллиону  930  ҳазор  сомонӣ  маҳсулоти  кишоварзӣ   истеҳсол  шудааст, ки  баробари  107,9  фоизи  нақшаи  пешбинишуда  мебошад.
Дар  раёсати  мазкур  изҳор  доштанд, ки ба кишти такрории  зироатҳои  кишоварзӣ  таваҷҷӯҳи  хоса зоҳир  мегардад. Дар  масоҳати  80  ҳазору  370  гектар  кишти  такрорӣ  сурат  гирифтааст, ки  ин 89,4  фоизи  нақшаи   пешбинишударо  ташкил  медиҳад. 
Судури маҳсулоти  кишоварзӣ  нисбат  ба  солҳои  гузашта  хеле  афзуда  ва 52  ҳазору 289,7  тоннаро ташкил дод. Дар  вилоят 60  ҳазору 519  тонна  картошка ва 214 ҳазор  тонна  сабзавоти  гуногун   истеҳсол  шудааст.

 

Июль 14, 2015 06:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид