Дар як рӯз-нӯҳ ҳодисаи нохуш ҳангоми оббозӣ
Душанбе, 06.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар як рӯз- 3 июли соли равон дар ҷумҳурӣ нӯҳ ҳодисаи нохуши ғарқшавӣ рух додааст. Дар кӯлу ҳавз ва дарёчаҳои ҳудуди ҷумҳурӣ танҳо дар ин рӯз ҳангоми оббозӣ ва аз беэҳтиётию беназоратии волидайн нӯҳ ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуд, ки бештари фавтидагон хурдсолону ноболиғон буданд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Восеъ писарчаи хурдсоли 1-сола аз беэҳтиётии волидайн дар ҳавзи назди ҳавлӣ дар об ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.
Духтари 15-солаи сокини ноҳияи Ишкошим аз беэҳтиётӣ ба дарёчаи “Гармчашма”-и ҳудуди ноҳия афтида, дар об ғарқ шудааст. Барои дарёфти ҷасад чорабиниҳо идома доранд.
Дар ноҳияи Шаҳринав духтарчаи 5-сола ва писарчаи 3-сола аз беэҳтиётии волидайн дар канали обгузари ҳудуди деҳаи Навободи ноҳия зимни оббозӣ ғарқ шудаанд. Ҷасади хурдсолон дарёфт ва ба хешон супорида шуд.
Писарбачаи 4-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ аз беэҳтиётии волидайнаш дар ҳавзи назди ҳавлӣ дар об ғарқ шуда, фавтидааст.
Марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми оббозӣ дар дарёи “Кофарниҳон” дар об ғарқ шудааст. Барои дарёфти ҷасади шаҳрванди ғарқшуда чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Зани 45-солаи сокини ноҳияи Хуросон ҳангоми гирифтани об аз соҳили дарёи “Ёвонсу”, дар ҳудуди деҳаи Навзамини ноҳия ба об афтида, ҳалок шудааст.
Писарчаи 2-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров аз беэҳтиётии волидайн дар ҳавзи назди ҳавлии истиқоматиашон дар об ғарқ шуда, фавтидааст.
Писарбачаи 10-солаи сокини ш.Турсунзода, ҳангоми оббозӣ кардан дар дарёи Қаратоғ дар об ғарқ шуда, ҳалок шудааст.
Ҳамин тариқ, ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ҳангоми оббозӣ дар дарёи “Сир” дар об ғарқ шудааст. Барои дарёфти ҷасад чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯи идома доранд.
Вазорати корҳои дохилии кишвар аз ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш менамояд, ки ҳангоми гирифтани об аз рӯдхонаву обанборҳо ва оббозӣ намудан боэҳтиёт бошанд ва кӯдакони хурдсолро беназорат нагузоранд.








Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






