Доварони урдунӣ бозии «Истиқлол»-у «Паҳанг»-ро ҳакамӣ мекунанд

Июль 9, 2015 03:56

Душанбе, 9.07.2017 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Бозии марҳилаи чорякниҳоии Ҷоми КФО- и дастаи “Истиқлол”-и Душанберо бо “Паҳанг”-и Малайзия ҳайати доварон аз Урдун ҳакамӣ мекунанд.
Бино ба иттилои сомонаи ФФТ, сардовари бозӣ Адҳам Муҳаммад Тумах Маҳадмеҳи 29-сола аст, ки сар аз соли 2013 рефери ФИФА мебошад. Ӯро ҳамчунин  ҳамватанонаш- ёварони рефери ФИФА Аҳмад Моаннеси ва Файсал Муҳаммад Аввал Швайри кумак мекунанд. Довари эҳтиётии бозӣ, рефери ФИФА Аҳмад Яқуб Иброҳим аст. Нозири доварон Ҳусайн Гхадханферӣ аз Кувайт ва комиссари бозӣ Сувакумар аз Сингапур таъйин шудаанд.
Ёдрас мешавем, ки бозии якуми марҳилаи чорякниҳоии Ҷоми КФО-2015 байни “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Паҳанг”-и Малайзия рӯзи 26 август, соати 20.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии пойтахт доир мегардад.

 

Июль 9, 2015 03:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид