Изҳори сипос ба ворисони Сино
Душанбе, 08.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Соҳаи тандурустӣ аз бахшҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ҳамчун самти асосӣ ва афзалиятнок барои беҳбудии саломатии аҳолӣ нигаронида шудааст. Ҳукумати мамлакат ба соҳаи мазкур диққати хос дода, сол аз сол барои тармиму таҷдид ва бунёди муассисаҳои соҳаи тандурустӣ маблағҳои калон равона месозад.
Ин аст, ки аксари муассисаҳои табобатии кишвар бо таҷҳизоти наву замонавӣ муҷаҳҳаз шудаанд, ки ин, албатта, ба раванди кори табибон ва сифати гузаронидани амалиёти тиббӣ мусоидат мекунад.
Имрӯз нафароне зиёданд, ки аз дасти духтурони соҳибтаҷриба шифо ёфтаанду мехоҳанд ба онҳо ба воситаи матбуот арзи сипос намоянд. Хайригул Маҳмудова, сокини шаҳри Душанбе, устои калони гурӯҳи назоратии шуъбаи техникии «Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон»
нақл мекунад, ки : «Бо амри тақдир набераам Гулнозаи Муҳаммадризо бемор шуду ба беморхонаи «Қарияи боло»-и пойтахт муроҷиат намудем. Дар ин беморхона моро мудири шуъбаи кӯдаконаи бемориҳои гӯш, бинӣ ва гулӯ Шайдоев Сӯҳроб Сафаралиевич хуш қабул намуд. Ӯ пас аз муоинаи бемор ба мо як зумра тавсияҳои муфид дода, бинӣ ва гулӯи набераамро ҷарроҳӣ намуд. Ин ҷарроҳӣ бо сифати баланд ва харҷи бисёр ночиз ба мо муяссар гашт, ки аз лутф ва ғамхорию масъулиятшиносии кормандони ин беморхона гувоҳӣ медиҳад.
Ҳангоми корафтодагӣ дар ин беморхона маълумам шуд, ки Сӯҳроб Шайдоев мутахассиси хуби соҳаи касби худ буда, маҳорату малакаи баланди касбӣ дорад. Ӯ ҳамарӯза даҳҳо нафар беморонро табобат намуда, дар тӯли фаъолият таҷрибаи хуб ҳам гирифтааст, ки албатта, ин ба пешрафти малакаҳои касбии ӯ таъсири амиқ гузоштааст.
Сӯҳроб Шайдоев аз соли 1999 дар Маркази саломатии №12-и шаҳри Душанбе фаъолият намуда, аз соли 2013 инҷониб мудири шуъбаи кӯдаконаи бемориҳои гӯш, бинӣ ва гулӯ дар беморхонаи «Қарияи боло» мебошад.
Дар беморхонаи «Қарияи боло» ба мо ҳамчунин духтури ординаторӣ Адолат Гулаёзова низ бисёр кумак расонд.
Инчунин муовини директори беморхонаи «Қарияи боло» Хайрулло Шарипов бевосита ва мунтазам аз ҳоли мо хабар гирифта, машварат ва ёрии амалии хешро дареғ намедошт. Албатта, хислатҳои волои ин табибон рӯҳияи моро боло бурд ва мо аз онҳо хеле сипосгузорем. Ман ба чунин табибон мегӯям, ки дастатон ҳеҷ гоҳ дардро набинад».








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






