Конфронси ҳаштуми ҳарсолаи САҲА дар Душанбе

Июль 27, 2015 05:20

Душанбе, 27.07.15. (АМИТ «Ховар»). — Дафтари САҲА  дар  Тоҷикистон,  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва созмонҳои  ҷомеаи  шаҳрвандӣ 27 ва  28  июл  дар  шаҳри  Душанбе Машварати  ҳаштуми  омодагӣ  аз  рӯи масоили  иҷрои уҳдадориҳо  дар  бахши  ченаки  инсониро  созмон  медиҳанд.
Тавре  ки аз  Дафтари   САҲА  дар  ҶТ  хабар  доданд, дар  машварат  120  намояндаи  29  ниҳоди  ҳукуматӣ  иштирок  менамояд. Имсол масъалаи  асосии  мубоҳисаҳо  иборат  аз таъсири  сиёсати маҳдудсозии   бӯҳрон  дар  бахши  иқтисодиёт,  молия, муҳоҷират ва  амният,  вазъи  умумии ҳуқуқҳои  инсон, аз ҷумла  озодии  хештангароӣ,  ҷаласаю иттиҳодияҳо мебошад.
Дар  машварат  ҳамчунин  масоили марбут ба ҳуқуқҳои хидматчиёни  ҳарбӣ, сифати   таҳсилот ва хидматрасониҳои  дигар, озодӣ аз поймолкунии ҳуқуқҳо  ва  масоили  адами  шаҳрвандӣ, ҷилавгирии хушунат дар  оила ва ислоҳоти  милиса,  ҳамчунин таъсири муҳоҷирони  баватанбаргашта  ба  вазъияти  иҷтимоию иқтисодӣ  ва амнияти иттиҳодияҳо  мавриди  муҳокима  қарор  мегиранд.
      

 

Июль 27, 2015 05:20

Хабарҳои дигари ин бахш