Намоиши натиҷаҳои сафари омӯзишӣ ба Италия ва хотимаи марҳалаи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо
Душанбе, 10.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Намоиши натиҷаҳои гузаштаи амали лоиҳа — сафари омӯзишӣ ба Италия, имкониятҳои бозори савдои боадолати Аврупо, стратегияи нави рушди лоиҳа, намоиши ҳунармандон дар Душанбе. Ин ва дигар масъалаҳо дар мизи мудаввар дар маркази Исмоилия бо иштироки ҳунармандон, ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон ва ташкилоти соҳибкории миёнарав муҳокима шуданд.
Сафари омӯзишӣ ба Италия ба иттифоқи ҳунармандон имконияти муҳокимаи андешаҳо, таъмини тамос бо харидорони эҳтимолӣ ва таҷрибаи дар тӯли 8 рӯзи сафар гирифтаро дод. Муҳокимаи ғайрирасмӣ намунаҳои аврупоиро муайян намуд, ки онҳо дар соҳаи ҳунармандӣ ва соҳибкории хурди Тоҷикистон метавонанд бомуваффақият истифода шаванд.
Ин сафари омӯзишӣ ва мизи мудаввар қисми лоиҳаи дусолаи «Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ бо ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат» мебошанд, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаи Сentral Asia Invest маблағгузорӣ мешавад.
Ассотсиатсияи соҳибкории хурд ва миёна, ки инчунин қисми лоиҳа мебошад, ба иштироккунандагон феҳристи нави худро, ки барои ҳунармандон ба чоп расидааст, пешниҳод кард, ки дар он маълумот оид ба андозсупорӣ, қарзгирӣ ва кушодани тиҷорати худ оварда шудааст.
Лоиҳа инчунин аз тарафи ташкилоти ғайридавлатии итолиёвии Cesvi дар Тоҷикистон ва Қирғизистон бо мақсади мустаҳкам намудани ҳамкорӣ байни ду давлати Осиёи Марказӣ, барои кумак расонидан дар рушди бахши хусусӣ, махсусан ҳунармандӣ маблағгузорӣ ва амалӣ мешавад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






