Оғози курси ФИФА оид ба идорадорӣ ва менеҷментӣ дар Тоҷикистон

Июль 8, 2015 05:26

Душанбе, 08.07.2015,(АМИТ «Ховар»  Меҳрони  Қурбон).-Дирӯз дар Академияи футболи клуби “Истиқлол”, воқеъ дар шаҳраки Алмосии ноҳияи Ҳисор курси байналмилалии ФИФА оид ба идорадорӣ ва менеҷментӣ оғоз шуд. Дар курс роҳбарону мутахассисони шуъбаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон ва намояндагони федератсияҳои футболи минтақавӣ — Душанбе, Хатлон, Суғд, Рашт ва ВМКБ ширкат доранд.
Роҳбарии курсро афсари идораи рушди ФИФА дар Деҳлӣ Нодар Ахалкатсе ба уҳда дорад. Нодар Ахалкатсе писари собиқ мураббии машҳури “Динамо”-и Тбилиси ва тими мунтахаби ИҶШС Нодар Ахалкатсе мебошад. Нодар Ахалкатсеи хурдӣ таҷрибаи бои роҳбарии сохтори футболиро дошта, замоне Федератсияи футболи Гурҷистонро сарварӣ мекард. 
Зимни ифтитоҳи курс директори шуъбаи техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Шавкат Аҳмедов гуфт, ки: “Пеш аз ҳама мехоҳам аз номи роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва аҳли кормандонаш меҳмон ва дӯсти азизи мо, намояндаи ФИФА Нодар Нодарович Ахалкатсеро, ки бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи касбияти мутахассисони тоҷик ба ин ҷо омадааст, самимона хайра мақдам гӯям. Ба Федератсияи байналмилалии футбол низ барои дар Тоҷикистон баргузор кардани чунин курсҳои муфид изҳори миннатдорӣ мекунам. Бовар дорам, ки кормандони мо дар курси идорадорӣ ва менеҷментии ФИФА иштирок намуда, таҷрибаи касбии худро зиёд мекунанд”.
Бояд  зикр  кард, ки  намояндаи ФИФА Нодар Ахалкатсе иштирокчиёни курсро бо барномаи курс шинос кард.

 

Июль 8, 2015 05:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд