Сарвазири мамлакат ба маҳалли офати табиии Рашт рафт
Душанбе, 21.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Субҳи имрӯз бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати кории ҳукуматӣ бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба маҳалли аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рашт рафт.
Дар ҷамоати деҳоти Навдеҳи ноҳияи Рашт ҳайати кории ҳукуматӣ аз деҳаҳои Ҳалқарф ва Бедак, ки бар асари фаромадани сел 20 июл, тақрибан соати 17-и бегоҳ зарар дида буданд, дидан карданд.
Тавре аён гардид, дар ин деҳаҳо беш аз 50 хона қисман ва пурра зарар дида, 5 трансформатор корношоям гаштааст. Инчунин, дар инҷо 5 пул, 6 км хати интиқоли нерӯи барқ, 100 симчӯб, 5310 метр хатҳои обгузар ва роҳҳои маҳаллӣ хароб гаштаанд.
Мутаассифона, бар асари ин офати табиӣ як талафоти ҷонӣ ҳам ба қайд гирифта шудааст.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба хонаи нафари ҳалокшуда ташриф оварда, ба ин оила таъзия ва кумаки пулии Сарвари давлатро расонид.
Мавриди зикр аст, ки аллакай бо супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷойи ҳодиса кумакҳои ғизоӣ дар ҳаҷми 10 тонна расида, бунёди шаҳраки хаймаҳо дар деҳаи Ҳалқарф оғоз шудааст. Дар худи ҳаминҷо алакай барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ 8 гектар замин ҷудо гаштааст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






