37 нафар ҷангии гурӯҳи «Толибон» дар Ҳилманд маҳв карда шуд

Август 24, 2015 08:27

  Душанбе, 24.08.2015. (АМИТ «Ховар»). Бино ба иттилои Оҷонсии хабарии «ХомаПресс»  бар асари  зарбаҳои қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва қувваҳои эътилофи амниятии Афғонистон дасти кам 37 ҷангии «Толибон» кушта ва тақрибан 30 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд .
Вазорати мудофиаи Афғонистон хабар медиҳад, ки амалиёти қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ рӯзи шанбе ва якшанбе дар ноҳияи Мусо-Қалъа гузаронида шуд.
Дар изҳороти  Вазорати мудофиаи Афғонистон омадааст, ки роҳбари пинҳонии гурӯҳи «Малавӣ»-и «Толибон» ҳамроҳ бо 9 тан аз аъзои ӯ ба ҳалокат расидаанд.
Қумандони гурӯҳи «Толибон» маъруф бо номи Алӣ-ул-Раззоқ ҳамроҳ бо 25 ҷангии ӯ дар деҳаи Хатакӣ кушта ва 30 тани дигар маҷрӯҳ карда шуданд.

 

Август 24, 2015 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар