Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа
Душанбе, 25.08.2015 (АМИТ «Ховар»).-Аз тарафи Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯистифодаи маводи нашъаовар ташкил гардид.
Дар кори ҷаласа намояндаи Раёсати АНМН назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон, котиби Шӯрои ҳамоҳангсозии вилоят, котиби Шӯрои ҳамоҳангсозии шаҳр, аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозии ноҳия ва дигар намояндагони ташкилоту муассисаҳои ноҳия иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳо оид ба пешгирии нашъамандӣ, истеъмоли ғайритиббии он, зиёд шудани миқдори беморони нашъаманд ва гирифтани пеши роҳи ин зуҳуроти номатлуб мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар охир масъулин ба хулоса омаданд, ки бояд ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят бо матбуот қавитар гардида, озмуни “Мақолаи беҳтарин” барои навиштани маводи пажӯҳишӣ дар соҳаи пешгирии нашъамандӣ ва мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба роҳ монда шавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






