Беш аз 255 ҳазор сомонӣ зарар овардани ҳодисаҳои сӯхтор дар се рӯзи охир

Август 24, 2015 06:34

Душанбе, 24.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дар се рӯзи охири ҳафтаи гузашта се ҳолати сӯхтор  аз ҷониби Хадамоти оташхомӯшкунии Вазорати корҳои дохилии кишвар ба қайд гирифта шудааст, ки беш аз 255 ҳазор сомонӣ зарар овардааст.
 Ба иттилои ВКД, рӯзи  22-юми августи соли равон дар меҳмонхонаи марди 67-солаи сокини ноҳияи Ишкошим, дар масоҳати 120-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омад,  ки зарари расонидааш 250000-сомониро ташкил дод. 
Рӯзи 23-юми августи соли равон низ дар оғилхонаи марди 40-солаи сокини ноҳияи Ёвон оташ  масоҳати 40-метри мураббаъро фаро гирифтааст, ки дар натиҷа болопӯши оғилхона ва 500-кило алафи дурушти чорво сӯхта нобуд шудааст. Зарари  сӯхтор 2500-сомониро ташкил медиҳад.  
Ҳамчунин дар ин рӯз, дар оғилхонаи ҳавлии истиқоматии зани 68-солаи сокини ноҳияи Восеъ сӯхтор дар масоҳати 75-метри мураббаъ ба вуқӯъ омадааст, ки дар натиҷа болопӯши оғилхона ва бо 2-тонна алафи дурушти чорво сӯхта нобуд шуда, ба қиммати 5000-сомонӣ зарар расидааст.
 Сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ  ва оташбозии кӯдакон арзёбӣ  мешавад.

 

Август 24, 2015 06:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид