Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 7,8 фоиз баланд шуд
Душанбе, 1.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар нимсолаи якуми соли 2015 дар ҷумҳурӣ ба маблағи 5415,5 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 114,2 фоизро ташкил кард.
Дар моҳи июни соли 2015 ба маблағи 920,1 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки аз сатҳи соли 2014-ум 7,8 фоиз баланд аст.
Тавре ки аз Агентии омори назди Президенти ҶТ хабар доданд, дар саноати истихроҷ ҳаҷми истеҳсолот 683,8 млн. сомонӣ, саноати коркард 3378,7 млн. сомонӣ, дар истеҳсолу тақсимоти неруи барқ, газ ва об 1352,9 млн. сомониро ташкил дод.
Аз 1905 корхонаи саноатии ҳисоботдиҳанда дар моҳҳои январ — июни соли 2015-ум миқдори корхонаҳои бозистода 293 воҳидро ташкил кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






