Қайроққум: Аёдати собиқадорон дар арафаи ҷашни Истиқлолият
Хуҷанд, 08.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дар арафаи ҷашни 24-солагии истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳри Қайроққум тӯйи арусию хатнасури кӯдакон ва инчунин аёдати оилаҳои собиқадорони меҳнат ва ниёзманд гузаронида шуд.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз дастгоҳи раиси шаҳр иттилоъ доданд, дар арафаи иди Истиқлолияти давлатӣ бо иқдоми шаҳрдорӣ Қайроққум Матлубахон Амонзода 12 нафар эҳтиёҷмандони яккаву танҳо, аз ҷумла собиқадорони меҳнат, ки солҳои зиёд дар коргоҳҳои истеҳсолии шаҳр фаъолият намуда, дар ободонии шаҳр саҳми арзанда доранд, аёдат карда шуда, бар ҳар яки онон маводҳои хӯрока аз ҷониби кормандони шӯъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дастрас карда шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






