«Қатли Туғрал»
Душанбе, 18.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ба ифтихори 150-солагии шоири шаҳири тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, ки соли равон бо ҳидояти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷашн гирифта мешавад, нашриёти «Адиб» дар чопхонаи «Озар» маҷмӯаи Шоири халқии Тоҷикистон Қутбӣ Киромро таҳти унвони «Қатли Туғрал» мунташир намуд. Муҳаррири маҷмӯаи мазкур Гулназар -шоири шинохтаи тоҷик аст.
Дар маҷмӯа ду асари Шоири халқии Тоҷикистон Қутбӣ Киром-очерки бадеии «Қатли Туғрал» ва саҳнаномаи «Тири маломат» гирд оварда шудааст. Мавриди зикр аст, ки асари мазкур бори нахуст соли 1992 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» нашр гардидааст. Саҳнаномаи «Тири маломат» ҳам дар ҳамон солҳо офарида шуда, аз ҷониби коргардон Адуҳафиз Қодирӣ дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов пешкаши тамошобинон гардида буд.
Очерки бадеии «Қатли Туғрал» ва саҳнаномаи «Тири маломат» нигоштаҳоеанд аз тасвири лаҳзаҳои рӯзгор ва симои пурғуруру ҷасуронаи шоири тавонои охири қарни XIX ва ибтидои садаи XX -и адабиёти тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ.
Муаллиф дар ин роман саргузашти талхи Нақибхои Туғрали Аҳрориро таҷассум намудааст. Ҳар ду асар ба як мавзӯъ -бо тӯҳмату иғво ба қатл расонидани шоири тавонои тоҷик -Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ бахшида шуда, вале дар асл онҳо мустақил буда, дар боҳамӣ симои пурғуруру далеронаи шоирро пеши назар меоранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд






