Баҳси “Тоҷнома”- ву ҳувияти миллӣ дар КМТ
Душанбе, 07.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши «Нашри силсилаи «Тоҷнома» тадбири муҳим дар шинохти асолати миллӣ», бо ширкати роҳбарони Китобхона ва ҷамъе аз устодону шогирдони донишгоҳҳои олии кишвар баргузор гардид.
Директори Китобхона Сайфиддин Назарзода нашри ин силсиларо иқдоми хубе дар шинохти асолати миллӣ унвон карда афзуд, ки миллат бо огоҳӣ ва шинохти худ миллат аст. Миллате, ки худшиносӣ надорад, пойдор нахоҳад монд ва ҳувияти миллист, ки миллатро якпорча ва муттаҳид месозад. Миллати беҳувият мақоме дар ҷомеаи башарӣ надорад.
Зикр шуд, ки таҳияи «Тоҷнома» бамаврид ва саривақтӣ буда нашри ин силсила бояд идома ёбад. Миллатро бо тамаддун ва фарҳанги бо ғановаташ мешиносанд.
Барои Тоҷикистон метавонем ҳудуди ҷуғрофиёӣ, таърихи иҷтимоиву сиёсӣ, раванди иқтисодӣ, мероси фарҳангӣ, адабиёти гузаштаву имрӯзро дар як радиф гузорем ва ин ҳувиятро пайдо кунем,- афзуданд мутахассисон дар ҳамоиши «Тоҷнома».








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






