Боздошти қумандони маъруфи ДИ дар музофоти Нангарҳори Афғонистон

Сентябрь 2, 2015 06:09

Душанбе, 02.09.2015. (АМИТ «Ховар»). – Дар музофоти Нангарҳори Афғонистон қумандони маъруфи ДИ бо номи Абдуллоҳ Ал-Муҳоҷир боздошт шуд.

Бино ба иттилои хабаргузории Бохтар, Битуллоҳ маъруф бо номи Абдуллоҳ Ал-Муҳоҷир зимни як амалиёти махсус, ки аз ҷониби нерӯҳои Раёсати амнияти миллии Афғонистон дар шаҳри Ҷалолобод гузаронида шуд, дастгир гардид.

Нерӯҳои Раёсати амнияти миллӣ ӯро ҳангоме, дастгир карданд, ки нияти иҷрои як қатор ҳамлаҳои террористиро дошт.

Ин қумандони ДИ дар аксарияти харобкориҳо ва амалҳои террористӣ дар гӯшаҳои гуногуни музофотҳои шарқии Афғонистон даст дорад.

Сентябрь 2, 2015 06:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд