Хабарнигорон мунтазири мулоқоти сарони кишварҳоянд

Сентябрь 15, 2015 04:58

Душанбе, 15.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Хабарнигороне, ки ҳоло  дар толори хониши электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон қарор доранд, мунтазири мулоқоти сарони кишварҳо ҳастанд.
Дар назар аст, ки имрӯз, 15-уми сентябр аз соати 10:20 то 10:40 мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Русия Владимир Путин дар «Қасри миллат» сурат гирад.
Соати 10:50 бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Арманистон Серж Саргсян, Беларус-Александр Лукашенко, Қазоқистон — Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон — Алмосбек Отамбоев ва Президенти Русия Владимир Путин нишасти матбуотӣ доир мегардад.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки эҳтимол Владимир Путин бо Президенти Қирғизистон Алмосбек Атамбоев низ мулоқот кунад. Ин мулоқоти роҳбарони давлатҳо дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҷараён хоҳад гирифт. 
Ҳамзамон эҳтимол меравад, ки дар ҷараёни мулоқоти президентҳои Тоҷикистон ва Русия дар робита ба қазияи амалиёти низомии неруҳои ҳукуматии Тоҷикистон бар зидди гурӯҳи мусаллаҳи собиқ муовини вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода гуфтугӯй  сурат гирад.

 

Сентябрь 15, 2015 04:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд