Хатари нашъамандӣ дар ташаккули оила ва ҷомеаи солим
Душанбе, 04.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи CADAP- 6 семинари корӣ баргузор гардид.
Дар семинари мазкур намояндагони Вазоратҳои маориф ва илм, Вазорати фарҳанг, Вазорати корҳои дохила, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаҳои телевизион ва радио, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва экспертони байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Полша иштирок намуданд.
Бояд қайд намуд, ки нашъамандӣ барои ташаккули оила ва ҷомеаи солим хавфу хатари зиёд дорад ва дар он оилаҳое, ки яке аъзои он нашъаманд мебошад ҳатман омилҳои зӯроварӣ ва дигар падидаҳои манфӣ ҷой дорад.
Дар ҷорабинии мазкур бо намояндагони вазорату идораҳо дар доираи барномаи CADAP- 6 нақша чорабиниҳо тарҳрезӣ гардид.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






