Мулоқоти Азамшо Шарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ
Душанбе, 02.09.2015. (АМИТ «Ховар). — Дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Азамшо Шарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии ин кишвар доктор Одил ибн Аҳмад Ал-Ҷубайр мулоқот анҷом дод.
Бино ба иттилои ВКХ ҶТ, зимни мулоқот сафир А. Шарифӣ бо таъкиди ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон ба таҳкиму густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Арабистони Саудӣ ба маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи миёни ду кишвар, ки ниёзманди таваҷҷуҳи бештаранд, ишора кард.
Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ дар навбати худ аз сатҳи кунунии робитаҳои миёни ду кишвар ва ҷараёни густариши онҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, нияти ҷониби Саудиро ба тавсеаи ҳамкориҳо дар тамоми самтҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид кард.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






