Намояндагони Вазорати ҳаҷҷи Саудӣ ҳоҷиёни тоҷикро бо гулпошӣ истиқбол намуданд
Душанбе, 03.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Намояндагони Вазорати ҳаҷҷи кишвари Арабистони Саудӣ дар фурудгоҳи шаҳри Мадинаи мунаввара ҳоҷиёни Тоҷикистонро бо гулпошӣ ва шеърхониҳо истиқбол намуданд. Ба иттилои намояндагони Вазорати ҳаҷҷи Саудӣ чунин иқдом ҳамасола дар шакли озмун, бо назардошти тартиби хуби меҳмонхонаҳо ва кори мунтазами ситодҳои ҳаҷ дар нисбати як давлат татбиқ карда мешавад. Аз ин лиҳоз, як гурӯҳи махсуси корӣ аз Вазорати ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ баъди боздид ва назорати шароити иқомати зоирони кишварҳои мусулмонӣ ва кори ситоди ҳаҷи ин кишварҳо Тоҷикистонро ғолиб дониста, ба истиқболи ҳоҷиёни кишвари мо баромадаанд.
Маврид ба зикр аст, ки имсол бо талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдор дар самти ташкили ҳаҷ — Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сукунат ва будубоши арзандаи ҳоҷиён дар мавсими ҳаҷ меҳмонхонаҳои бароҳат ва муҷаҳҳаз, ошхонаҳо, нуқтаҳои тиббӣ ва дар маҷмӯъ ҳамаи шароити лозима фароҳам оварда шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






