Қочоқи 10 000 қуттӣ тамоку аз Афғонистон пешгирӣ карда шуд
Душанбе, 04.09.2015, (АМИТ «Ховар»). — Кормандони Хадамоти гумрук дар минтақаи назорати гумрукии Панҷи-Поён автомашинаи тамғаи «ДАФ» рақами қайди давлатӣ ТҶ 89-24 СА 01, таҳти идораи сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Г.Н.-ро бо гумони қочоқи маводи тамоку боздошт намуданд. Дар рафти муоинаи гумрукӣ муайян гардид, ки дар қисми поёнии бордони автомошина пинҳонгоҳи махсус сохта шуда, дар дохили он қуттиҳои тамоку ба таври пинҳонӣ ҷойгир шуда аст. Маводи дарёфтгардида 1000 блок, дар маҷмӯъ 10 000 қуттӣ сигаретаи тамғаи ЕSSЕ-и истеҳсоли давлати Корея ташкил дод.
Н. Г. миқдор маводи тамокуро аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо мақсади тиҷорат харидорӣ намуда, мехост ғайриқонунӣ ва ба таври пинҳонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намояд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба Суди ноҳияи Қумсангир барои баррасӣ ирсол карда шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






