Шоми Дӯстии сарони давлатҳои СААД дар Душанбе
Душанбе, 15.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Шоми рӯзи 14 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати мамлакат ба сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии ин созмон дар Тоҷикистон қарор доранд, зиёфати ғайрирасмӣ орост, ки бо фазои гарму самимиаш ба як маҳфили Шоми дӯстӣ табдил ёфт.
Шоми дӯстӣ ба истиқболи меҳмонони олимақом, аз ҷумла президентҳои кишварҳои аъзо — Арманистон Серж Саргсян, Белорус Александр Лукашенко, Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон Алмазбек Атамбаев ва Русия Владимир Путин дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт.
Меҳмонони олимақом аз меҳмоннавозии гарми анъанавии тоҷикӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардид, басо шоду мамнун шуданд.
Меҳмонон дар боғи Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гашту гузор ва суҳбати озоди дӯстона намуда, аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони биҳиштосо дар фазои орому босубот ҳаловат бурданд. Таъкид шуд, ки Тоҷикистон босарватҳои табииаш, бахусус обҳои мусаффо ва меваю сабзавоти шаҳдбораш кишварест нотакрор.
Ба ифтихори меҳмонони олимақом сабзавоти тару тоза ва меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд, ки аз ҷониби сарони давлатҳои аъзои СААД баҳои баланд дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки меҳмоннавозии анъанавии тоҷикон аз қадим хосиятҳои хоси дӯстонаю самимияти баланд дошта, дар миёни ҷаҳониён ҳамчунин бо таомҳои хушлаззати миллӣ маъруф аст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






