Театри мусиқию мазҳакавии Хуҷанд ба пойтахт меояд
Душанбе, 18.09.15. (АМИТ «Ховар», Елена Батенкова). — Дастаи эҷодии Театри мусиқию мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд барои ҳунарнамоӣ ба шаҳри Душанбе меояд. 29, 30 сентябр ва 1 октябр дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоишномаи мусиқию мазҳакавии «Саргузашти як сафар» ба ҳаводорони санъати пойтахт пешкаш мегардад. Намоишномаро Ходими шоистаи санъати Ӯзбекистон Олимҷон Салимов аз рӯи асари Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ ба саҳна гузоштааст.
Тавре ки коргардони театри мусиқӣ Қурбон Бобоҷонов хабар дод, сафари гурӯҳи эҷодӣ иборат аз 32 нафар бо дастгирии Намояндагии Швейтсария дар Тоҷикистон созмон дода шудааст.
Намоишнома аз сафари як сарватманди деҳотӣ ба шаҳр ва саргузашти аҷоибу ғароиби ӯ нақл мекунад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






