Зиндагӣ бе чарс хуб аст
Душанбе, 18.09.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар чорабиниҳои мавзӯи маводи мухаддир ва фарҳангию варзишӣ, ки бо ибтикори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва намояндагони шуъбаи маводи нашъаовари Прокуратураи генералии Куриё дар Боғи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа роҳандозӣ шуданд, беш аз якуним ҳазор нафар хонандагони мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ иштирок доштанд.
Ин иқдомот таҳти шиорҳои «Зиндагӣ бе чарс хуб аст» ва «Дунёи бидуни маводи мухаддир» рӯи кор оварда шуд, ки дар ҷараёни он озмуни расмҳои беҳтарини кӯдакон дар мавзӯи «Нашъамандӣ ва роҳҳои аз байн бурдани он» доир гардида, дар он кӯдакон дар офаридаҳояшон диди худро дар бахши нашъамандӣ ва оқибати фоҷиавии он тасвир кардаанд.
Дар қисми фароғатии чорабинии мазкур ҳунарпешагон саҳнаҳоро дар мавзӯи «Офати аср» намоиш доданд, ки аз оқибати ҷалби наврасон ба истифодаи маводи мухаддир қисса мекунанд.
Ҳамчунин байни наврасон мусобиқот аз рӯи намудҳои мухталифи варзиш созмон дода, дар анҷоми чорабинӣ ғолибони озмуни расмҳои кӯдакон ва мусобиқоти варзишӣ бо инъомҳои қиматбаҳо қадр карда шуданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






