Ҷаласаи Кумитаи тадорукоти омодагии ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони ИДМ
Душанбе, 01.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи Кумитаи тадорукоти омодагӣ ва баргузории ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони ҷумҳуриҳои узви ИДМ доир гардид.
Дар ҷаласа масоили тайёрӣ ба истиқбол, хамроҳии ҳайатҳо ва гусели меҳмонон дар сатҳи зарурӣ ва дигар масоили ташрифотӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Тавре ки таъкид гардид, чорабинии сатҳи баланд охири моҳи октябр дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар кори он иштироки ҳайатҳои ҳамаи кишварҳои узви ИДМ дар назар дошта шудааст.
Сарвазири мамлакат аъзои кумитаи тадорукот ва дигар шахсони масъулро барои дар сатҳи баланди омодагию ташкилӣ гузаронидани ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони ҷумҳуриҳои узви ИДМ вазифадор намуд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






