Ҷаласаи мушовирони давлатҳои ИДМ оид ба такмили омори кишоварзӣ

Октябрь 12, 2015 06:31

Душанбе, 12.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Агентии омори назди Президенти ҶТ аз 13 то 15 октябр ҷаласаи мушовирон оид ба арзёбии маҷмӯи нишондиҳандаҳо, талабот ба маълумот, манбаи маълумот мувофиқи методологияҳои амалкунандаи давлатҳои ИДМ-ро, ки дар «Стратегияи глобалии такмили омори кишоварзӣ» муайян гардидаанд, баргузор менамояд. 
Дар  ҷаласа роҳбарону кормандони Агентии омори назди Президенти ҶТ ва  кумитаҳои омори ИДМ иштирок хоҳанд кард. 
Дар ҷараёни ҷаласаи серӯза масъалаҳои стратегияи ҷаҳонии такмили омори соҳаи кишоварзӣ, мубодилаи маълумоти омории соҳаи кишоварзӣ байни давлатҳо, рушди омори кишоварзӣ ва деҳот дар давлатҳои ИДМ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. 
Ҷаласа дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон»  баргузор мегардад. 

 

Октябрь 12, 2015 06:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид